Виқори Боқизода. Адолат, ҳақиқат, журналистика ва ҳикмати хомӯшӣ

Ҳамагӣ як сол аст, ки ҳамкорем, вале номи Мухтор Боқизода аз замоне бароям ошност, ки чӣ будани матбуотро донистам ва журналистикаро шинохтам. Вақте аз наздик бо ин чеҳраи мунири матбуоти тоҷик вохӯрдам, ӯро боғурур, бовиқор, бовиҷдон, дар баробари ин, меҳрубону маъракаоро дарёфтам… 

Дар талоши ҳақиқат

Ғуруру виқору устуворӣ, ки хоси ҳар як мастчоҳии куҳистонӣ аст, дар вуҷуди акои Сайидмухтор зотист. Ӯ зодаи рустои номдори Каздон — гаҳвораи мардони ғаюру диловар аст. Гарчанде имрӯз Каздон дар ноҳияи Айнист, қаблан ҷузъе аз Куҳистони Мастчоҳ будааст.

Андешаи адолат ва талош барои ҳақиқат Мухтор Боқизодаро ба журналистика овард, зеро ба гуфти худи ӯ, дар даврони наврасиву ҷавониаш “мавқеи журналист баланд ва матбуот майдони гуфтани ҳақиқат” буд.

Вале роҳи расидан ба журналистика барояш аз ибтидо ноҳамвор шуд.

Дар суҳбатҳои хосае, ки сари як пиёла чой дорем, ба ёд меорад:

“Қиссаи таҳсили ман дар донишгоҳ аҷиб аст. Соли 1979 мактаби миёнаро хатм карда, ба Душанбе омадам, то донишҷӯйи факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) шавам, ки он замон номдор буд, вале тақдир набудааст… Дар нимароҳ мондам. Рӯзе дар кӯчаҳои пойтахт қадам мезадам, ки аз пешам ҳамдеҳаам Мирҳусейн Нарзиев баромад. Ӯ корманди Вазорати маориф буд ва ҳолати маро дида, ҳамроҳаш ба вазорат бурд. Бо кадом восита ба ректори донишгоҳ занг заду маро ба факултаи ҳуқуқшиносӣ қабул карданд. Як сол таҳсил карда, муътақид шудам, ки ҳуқуқшиносӣ роҳи ман нест. Ҳуҷҷатҳоямро гирифта ба шуъбаи рӯзноманигорӣ дохил шуданӣ будам, вале боз талошам бенатиҷа анҷом ёфт, зеро довталабони риштаи рӯзноманигорӣ ҳадди ақал як забони хориҷиро бояд медонистанд… Хуллас, ба Донишкадаи омӯзгорӣ дохил шуда, бештар аз як сол дар он ҷо таҳсил кардам. Соли 1981 ба хизмати аскарӣ рафта, баъди 2 соли адои хизмат ба Душанбе баргаштам ва донишҷӯйи шуъбаи журналистикаи факултети филологияи тоҷик шудам”.

Даврони тиллоии журналистика

Замоне ки Мухтор Боқизода дар олами журналистика аз худ дарак дод, ба гуфти коршиносони соҳаи ВАО, даврони тиллоии матбуоти тоҷик ба шумор меравад. Акои Сайидмухтор солҳои 80-умро барои матбуоти тоҷик “солҳои басо пурэҳсосу шукуфон”, солҳое медонад, ки “ақлу фаросат бо ҳам дар созиш буд”. Воқеан, ин ҳамон солҳоест, ки дар саҳифаи матбуот номҳои нав, аз қабили Отамурод Бекмурод, Ҳалима Хушқадамова, Додохон Эгамов, рӯзноманигори маъруф Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Гулназар Келдӣ, Талъат Нигорӣ, Ато Ҳамдам, Додоҷони Атовулло, Мавлоно Раҷаб, Қироншоҳ Шарифзода, Аҳлиддин Ҳисориев, Раҷабалӣ Исматуллоев, Насибҷон Амонӣ, Қуватбеки Давлат, Шариф Ҳамдампур, Нафасбеки Раҳмон ва… ба ҳам омада буданд. Ва Мухтор Боқизода низ ба ин қатор пайваст.

“Баробари таъсиси рӯзномаи парлумонии “Садои мардум” ба таври озмун ба кор пазируфта шудам. Он рӯзҳо гуфтану навиштан барои рӯзноманигор осонтар буд. Рӯзноманигор дар хати аввали марш меистод. Он чӣ рӯзноманигор рӯи чоп меовард, ҳатман пайгирӣ шуда, масъулин аз пайи иҷро мешуданд, вагарна ҳатман аз вазифа мерафтанд…”,- ба ёд меорад Сайидмухтор Боқизода.

Вале фаъолияти ӯ дар “Садои мардум” дер давом накард…

Аз мардикорӣ ба “Тоҷикистон”

“Аз соли 1993 то соли 1996,- хотироти хешро саҳифагардон мекунад журналисти шинохта Мухтор Боқизода,- мардикор шудам, дар шаҳри Челябински Русия. То он замоне ки ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аз нав рӯи чоп омад. Муассис ва сармуҳаррири ин нашрия Шариф Ҳамдампур, ки дар “Садои мардум” ҳамкору ҳаммаслак будем, маро ба кор даъват намуд. Нахустшумораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон”-ро бо давуғеҷҳои зиёде рӯи чоп овардем. Бо ҳам то соли 1999 кор кардем”.

… Мухтор Боқизода баъди 22 сол боз ба “Тоҷикистон” баргашт, ба нашрияе, ки дар оғози эҳёи он қарор дошт.

— “Тоҷикистон”-ро Шариф Ҳамдампур аз нав эҳё кард. Дар оғози нашъунамои он ман ҳам будам. Хушбахтона, тӯли ин ҳама сол нуфуз ва обрӯйи нашрия паст нашуд ва он хонандаи худро аз даст надод. Имрӯз мо дар “Тоҷикистон”-е кор мекунем, ки нуфуз дорад, хонанда дорад…

Доғе, ки дар сина монд

Мухтор Боқизодаро дар таърихи матбуоти тоҷик ҳамчун муассис ва сардабири нашрияи мустақили “Нерӯи сухан” медонанд. Нашрияе, ки дар замони худ ғулғула афканда буд. “Нерӯи сухан” нуқтаи заъфи Мухтор Боқизода аст. Дар ин маврид ҳарф заданро дӯст намедорад.

Чун зиёд мепурсам, тавлиди ин фарзандашро чунин ба ёд меорад: “Барои таъсиси “Нерӯи сухан” сухани як ҳамдеҳаам сабаб шуд. Рӯзе дар нишасте бо зарда гуфт, ки “имрӯз нашрияе нест, ки гапи ҳақро нависад ва мушкили мардумро инъикос кунад”. Чун он замон мо рӯзномаро аз қайд гузаронида будему танҳо масъалаи матолибу нашраш буд, гуфтам, ки ҳафтаи дигар чунин рӯзномаро аз дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ дастрас кун. Ҳамин тавр, дар муддати чанд рӯз аввалин шумораи “Нерӯи сухан”-ро омода кардем ва 31-уми январи соли 2003 нашр шуд. Он замон фазои матбуот вакумро мемонд ва то андозае тими “Нерӯи сухан”, ки аз Обидҷон Шакурзода, Ҷовид Муқим, Раҷаб Мирзо, Фахриддин Холбек, Ваҳҳоби Одина, Муҳиддин Идизода, Мирзоалӣ Ҷӯраев, Ҳабиба Каримова ва дигарон иборат буд, тавонистем фазоро дигаргун кунему холигиро пур намоем”.

— Чаро умри “Нерӯи сухан” кӯтоҳ шуд?,- суол мекунам аз муассиси он.

“Тамоми чизи нағзу хуштаъму бомазза, ҷолибу диққатҷалбкунанда умри тӯлонӣ надорад. Ва “Нерӯи сухан”-ро низ чунин тақдир дунболагир шуд. Гарчанде мо дар ин муддат тавонистем ба боварии мардум сазовор шавем, вале иддае пайдо шуданд, ки моро нафаҳмиданд ва даст заданд ба бадномсозии мо. Вале мо батамом истодагарӣ менамудем, ки пуштибонӣ аз озодии суханро дорем. Ва аммо баъд фаҳмидем, ки ин ҳама бенатиҷа будааст… Дар пайи чопи 100-умин шумора то ҳанӯз доғе дар сина дорам…”.

Ҳикмати хомӯшӣ

Мухтор Боқизода дар рушди матбуоти тоҷик нақши мондагор дорад. Бо таъсиси нашриёти “Кайҳон” дар соҳаи табъу нашр ҳам саҳм гирифтааст. Ҳамчун муассиси Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз журналистон барои ҳимояи ҳуқуқи журналистон талошҳо кардааст. Чун тренер дар тарбияи даҳҳо журналист саҳим аст… вале ҳамоно дағдаға надорад. Аз пайи манфиатҳои шахсиаш нест, балки ҳамеша дар фикри журналистика аст.

Мо дар танаффусҳои байни корамон зиёд суҳбат мекунем. Суҳбатҳои хоса, бо рамзу ишора…

Барои мисол:

— Акои Саидмухтор, журналисти воқеӣ кист?

— Онест, ки пеш аз ҳама аз худ гузарад.

— Вазъи кунунии журналистикаи моро чӣ гуна баҳо медиҳед?

— Ҳамраъйӣ нест. Журналистон бо ҳам нестанд. Вақте иттиҳод нест, чӣ мешавад…

— Роҳе, ки матбуоти тоҷик меравад, ба куҷо мебарад?

— “Роҳе, ки ту меравӣ, ба Туркистон аст”…

— Оё имрӯз шароит ва муҳит барои таъсиси нашрия созгор аст?

— На, ҳанӯз ҳам шароите фароҳам наомадааст, ки бори ростини суханро бардорад.

— Фаъолияти журналисти 20 сол қабл аз имрӯз чӣ фарқ дорад?

— Гумон мекунам, ки рӯзноманигорони пешин аз имрӯза сермаҳсул, пуртаҷриба, кордон, масъулиятшинос ва кушодагӯ буданд. Барои онҳо мавзуҳои мамнуъ қариб ки вуҷуд надошт…

— Ҳоло чӣ?

— …

— Чаро хомӯшед?

— Хамӯшӣ ҳикмате дорад, ки дар гуфтан намеғунҷад…

Ҳар ду механдем.

Хандаи бадард.

Одил НОЗИР

АЗ ИДОРА:

Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Мухтор Боқизодаро бо 60-умин солгарди умр таҳният гуфта, барояшон саломатӣ ва саодати рӯзгорро таманно доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *