Виҷдон: Тарси зан, “бемори”-и пулчинак ва “гаишник”-и бе мошин

Дар ҷомеаи мо одат шудааст, ки ба  ҳама чиз  аз нуқтаи назари танқидӣ баҳо диҳанд. Хосса, мо — журналистон дар ин самт “пешсаф”- и ҷомеаем ва аксаран чашмонамон одат кардааст, ки чизи хуб, рафтори хуб ва  амали хубро камтар мебинему  ба чунин амалҳо,  агар рух диҳанд ҳам, бо назари шубҳа менигарем. 

Боре шоҳиди воқеае гардидам, ки маро сари ин масъала ба андеша бурд. Зани ба назар деҳотие дар сари роҳи сермошин чӣ тавр аз роҳ ба он тараф гузаштанашро намедонист ва ҳайрон буд, ки чӣ кор кунад. Хостам ба ӯ кумак расонам ва гуфтам: “Хоҳар, аз ин ҷои роҳ гузашта наметавонӣ, биё, ҳамроҳ то гузаргоҳ меравем ва он ҷо   светофор мошинҳоро медораду мегузарем.” Зан аввал бо назари шубҳанок ба ман нигоҳ карду дид,ки ба самти чароғак равона  ҳастам, ноилоҷ ба он ҷо омад ва ҳамроҳи ман интизор истод. Вақте ки чароғак сабз шуд, бо роҳи пиёдагузар қадам ниҳодам, вале  зан ҳанӯз дар ҷояш меистод. “Пас аз чанд сонияи дигар чароғак боз сурх мешавад ва ӯ дар ҳамон ҷо мемонад”- аз дил гузаронидам ва  пас гашта,   сумкаи пурборашро гирифтаму ба тарафи муқобил равон шудам. Зан,ки акнун борхалтааш дар дасти ман буд, ноилоҷ аз пасам омад ва пас аз расидан ба самти дигари роҳ дудаста чанг андохта, онро аз дастам гирифт ва саросема даҳонашро боз намуда, дохилашро диду аз афташ дилпур шуд,ки ҳама чиз дар ҷояш аст, ало- ало ба тарафи ман нигариста,  дур шуд. Хандаам омад ва фикр кардам, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо воқеан ҳам боварӣ ба кори нек ва боварӣ ба инсон хеле коста гаштааст. Аммо ду ҳодисае, ки ҳафтаи равон бо ин банда рух дод, бовари худи маро ба инсонҳо бештар кард…

…Ба мусофирбари №33 нишастам ва ба “пулчинак”-и он як сомонӣ дароз кардаму ба тиреза наздиктар нишаста, чашм ба манзараҳои берун дӯхтам. “Пулчинак” оҳиста китфамро ҷунбонда: “Ака, бақияаатон…” гуфт. Ман, ки ҳамагӣ як сомонӣ дода будаму интизори бақия набудам, ҳайрон шудам, аммо ҷавон як бистдирамиро ба кафи дастам гузошт. Гумон кардам,ки аз галстуку либоси зиёиёнаи ман тарсиду ин корро кард. Зеро дар ин 5-10 соли охир ёд надорам, ки кадом ронандае бақияи 20 — дирамаро ба мусофир баргардонда дода бошад.Ин дам ба салон ҷавоне, ки аз симояш донишҷӯ буданаш аниқ буд, ворид гардид ва ӯ низ яксомонаро ба кондуктор дароз кард.  Дар навбати худ “пулчинак” аз кисааш як каф танга бароварда, ба ӯ ҳам 20 дирам бақия дода, бо ин кораш ӯро низ ҳайратзада кард. Бори сеюм ба мошин зани дар дасташ кӯдакдоре даромадан хост. “Пулчинак” кумак намуда,  зан ва тифли ӯро дохили мошин карду ҷой нишон дод.Аз ӯ низ се сомонӣ гирифту 2 сомонию 20 дирам бақия дод. Тоқат накарда пурсидам:

Номат чӣ писар?

-Эмомалӣ… Номи маро чӣ кор мекунед? Ягон камбудӣ шуд?

Не, фақат хостам гӯям, ки ин “беморӣ” – ат илоҳо ба ронандаҳои дигар сироят кунад…

-Кадом беморӣ?-ҳайрон шуд ӯ ва пас аз шарҳи ман, ки  аз дигар ронандаю пулчинакҳо бақияро интизор шудан ин баробари дар тобистон  аз онҳо барфи зимистон  талаб кардан аст, Эмомалӣ хандиду ба навиштаҷоти  дар шишаи мошин часпонидашуда ишора намуд ва гуфт: “Ман танҳо  аз рӯи нархнома амал амал мекунам…” Кош ин “беморӣ”-и Эмомалӣ ба дигарон ҳам мегузашт…(дар акс Эмомалӣ ва мошини ӯ)

…Субҳи барвақти рӯзи 3 апрел аз роҳи ДОК-Аэропорт-Комбинати бофандагӣ мошинсавор ба самти коргоҳ ҳаракат мекардам. Кам — кам борон меборид.Азбаски барвақт буд, дар роҳи калон ягон мошин наменамуд. Дар қарибии фурӯдгоҳ чашмам ба корманди БДА афтод, ки дар дасташ ишорачӯб дар канори роҳ меистод, аммо дар наздикиаш ягон  мошин набуд. Ба худ гуфтам: “Ҳоло нигоҳ медораду ҳуҷҷат мепурсад  ва пас аз дидани дурустии ҳуҷҷатҳо раҳо мекунад,ки анча вақтро мегирад…” Аммо он корманд ҳатто аз ҷояш наҷунбид. Дидам, ки нияти маро доштан надорад, суръатро суст карда дар наздаш истода пурсидам: “Ба куҷо меравед?” Дар ҷавоб ӯ гуфт: “Агар бемалол бошаду ба ҳамон тараф равед, мехостам то Раёсати БДА равам…”” Марҳамат шинед, то нисфи роҳ меравам ва агар хоҳед, то коргоҳатон мебарам …” Раҳораҳ ҳини суҳбат маълум шуд, ки ин субҳ мошини нозири роҳ вайрон шудааст ва ба хотири ба  кор дер накардан сари  роҳ баромадааст.

Чаро бо “калтакчаатон” ягон мошинро боздошта, супориш надодед, ки то ҷои кор барад?

Инспектор хандакунон гуфт:

-Ҳоло ман дар хизмат не ва намехоҳам аз мансаби худ истифода барам…

Аз шунидани ин суханон қариб чанбараки мошин  аз дастам баромада буд ва суръатро пасттар карда, боэҳтиёт мошин рондам. Агар ҳоло ба ягон қоидавайронкунӣ роҳ диҳам, ин инспектор ҳаргиз тарафи маро нахоҳад гирифт…

Вақте ба коргоҳ наздик шудем, ӯ хоҳиш намуд:

-Дар ҳамин ҷо нигоҳ доред ва аз паси коратон шавед, боз ягон савобталаби дигар маро то коргоҳам мерасонад…

Азбаски дар дохили салони мошини ман оинае, ки нишастгоҳи қафоро нишон диҳад набуд (ман намедонам, ин хилофи қоида аст ё не), чеҳраи ин инспектори бовиҷдонро дуруст надидам. Ҳатто унвонашро ҳам дида натавонистам, вале дар дилам раҳмат ба чунин кормандони бовиҷдон гуфтам, ки хизмат ба мардумро аз манфиати  худашон болотар медонанд ва ҳаргиз ғарраи мансаб нестанд. Маълум мешавад, ки дунё ҳанӯз холӣ набудааст ва ин мушоҳидаҳо дили касро ба зиндагӣ ва ояндаи нек гарм мекунанд…

А.АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *