ВИЧ – танфурӯш 5 нафарро олуда карду зиндонӣ шуд

О.Г-и 23 сола, як сокини шаҳри Хуҷанд, ки гирифтори бемории  вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) ё ВИЧ аст, барои сироят ва зери хавфи сироят гузоштани 5 мард ба муҳлати 9 сол аз озодӣ марҳум шуд… Ҳол он ки судшуда муваззаф шуда буд, ки бо мардони солим алоқаи ҷинсӣ накунад. Чӣ сабаб шуд, ки ин нафар дар баробари худ дигаронро ҳам ба ин дом кашад?

Танфурӯши сирояткунанда

О. Г. (мувофиқи қонунҳои ҷорӣ исми гирифторони ВНМО пинҳон нигоҳ дошта мешавад – идора.) муҷаррад ва бекор буда, танфурӯширо ба худ шуғл кардааст. Ӯ аз 11 октябри соли 2018 дар қайди маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ-и вилояти Суғд қарор дорад. Номбурда  ӯҳдадор шудааст, ки бо шахсони дигар бе истифодаи воситаҳои пешгирикунанда алоқа накунад. Лекин О. Г. ӯҳдадориашро риоя накарда, ба танфурӯшӣ идома медиҳад ва даст ба ҷинояти сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам задааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки 85-90%-и роҳи сирояти беморӣ алоқаи ҷинсӣ аст  ва мусаллам аст олудагони вирус ахшоси некроҳу некнафс нестанд.

Ҳамин тавр, судшуда дидаю дониста як не, 5-6 нафар шахсони солимро таҳти хавфи сироят гузошта, охирҳои моҳи декабри соли 2018 ва аввалҳои моҳи январи соли 2019 дар ҳудуди шаҳри Бӯстон (пештара Чкаловск) меҳмонхонаи «Абдуқодир Ҷабборзода» ва дар яке аз ҳуҷраҳои иҷоравии маҳаллаи 12-уми шаҳри Хуҷанд бо шаҳрванд Мирмуллоев М.  бе истифодаи рифола алоқаи ҷинсӣ намуда, номбурдаро зери хавфи сироят бо ин намуди беморӣ гузоштааст.

Мизоҷони яккаратаю даҳкарата

Баъди ин, “қаҳрамон”-и матлаби мо моҳи январи соли 2019 дар микрорайони 12-уми шаҳри Хуҷанд дар яке аз ҳуҷраҳои иҷоравӣ бо шаҳрванд Алибоев Ф., дар ҳуҷраи истиқоматии бинои 23-и маҳаллаи 34 шаҳри Хуҷанд бо Холматов М., бидуни истифодаи рифола алоқаи ҷинсӣ менамояд ва мизоҷи худро зери хавфи сироят бо ин намуди вирус  гузоштааст.

Албатта, ҳаёт ва номуси ҳар як инсон арзиши олӣ дорад ва инро қонун кафолат додааст. Аммо вақте худи инсон ба ин арзишҳо намерасад табиист, ки аз доираи инсонигарӣ баромада ба ҳар амали ношоиста даст мезанад.

Ин зани сироятпаҳнкун ҳам бо вуҷуди “ҳуҷҷати беморӣ” доштан ба чор тарафи шаҳри Хуҷанд сайр карда, мардони сиҳатро сайд мекардааст.  Дар боло се марди таҳти хавфи сироят гузоштаи ӯро зикр кардем, ки ҳама бо О. Г як маротиба алоқаи ҷинсӣ кардаанд. Аммо дар миёни ин мизоҷони “яккарата” боз “чандкартаҳо” ҳам ҳастанд. Барои мисол шаҳрванд Ҳасанов К. як не, даҳҳо маротиба бе истифодаи рифола бо О. Г. алоқаи ҷинсӣ кардааст. Ба ин рӯйхат, ҳамчунин шаҳрванд Ҳасановро метавон номбар кард, ки   зери хавфи сироят аст. 

О. Г тахминан  9 феврали соли 2019 бо шаҳрванд Орипов Ф. робита барқарор кард ва  дар яке аз ҳуҷраҳои бинои истиқоматии маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд бе истифодаи рифола алоқаи ҷинсӣ карда, номбурдаро зери хавфи сироят гузошт.

Ҳамин тавр, теъдоди мизоҷони О.Г., кам нестанд.

Ҳам бадномию ҳам бадномкунӣ

О. Г дидааст,  ки сайдаш ҳамеша бобарор аст ва ҳар амали ношоистаи ӯ аз чашми масъулин пинҳон мемонад, чанбараки бероҳагиро сӯи бадномкунӣ (шантаж) тоб дод.

 Ӯ  тахминан аввалҳои моҳи феврали соли 2019 дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Ҳасанов К.  маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд ҳангоми алоқаи ҷинсӣ ва дигар рафторҳои ғайриахлоқӣ (ба гуфтану навиштан рост намеояд) ин ҳолатро бо воситаи телефони мобилиаш ба навор гирифта, баъдан бо мақсади тамаъҷӯӣ, яъне барои дар оянда ифшо накардани ин сабти беобрӯйкунанда аз Ҳасанов К. телефони мобилияшро, ки 350 сомонӣ арзиш дошт, бо роҳи тамаъҷӯӣ тасарруф намудааст. Мақоли  “ҳам ғарию ҳам пештозӣ”-ро дар ин мисоли зикршуда ба ёд овардан айни муддаост.

Ин мақоли маъмули халқиро нисбати О. Г., танфурӯше, ки ВНМО-ро паҳн мекард ва дар баробари  ин мизоҷашро шантаж менамуд, метавон истифода кард, зеро амалҳои ӯ аз чашми мақомот пинҳон намонда номбурда ба даст афтод.

Суди вилояти Суғд бо моддаҳои 125 қисми 1 ва 250 қисми 1 Кодекси Ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Г-ро ба муҳлати нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард ва инак 9 соли умри ҷавонии О. Г, ки гирифтори бемории бадахлоқӣ шуда буд, дар паси панҷара сипарӣ мегардад.

Нурализода Сӯҳроб, судяи Суди вилояти Суғд

Фарзона Муродӣ, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *