Видеои имоми 82-солаи таҷовузкор

Телевизиони давлатии Тоҷикистон видеои Давлатбек Мираков, як имоми масҷиди панҷвақта аз ноҳияи Ҳисорро, ки ба бадахлоқӣ айбдор мешавад, дар Интернет нашр кард. Дар гузориши вазорати дохила лаҳзаҳои бӯсобӯсӣ ва алоқаи ҷинсии Давлатбек Миракови 82-сола бо як зан низ намоиш дода мешавад.

Шабакаи давлатии телевизионии «Тоҷикистон” (собиқ «Шабакаи аввал) барномаи «Сипар”-и вазорати корҳои дохилиро, ки як ҳафта пеш пахш шуда буд, дар Интернет низ нашр кардааст. Ин нашри барномаи «Сипар” бо гузорише дар бораи бадахлоқии ду рӯҳонӣ сару садо ба по кард.

Бино ба гузориши вазорати дохила, имоми 82-солаи як масҷиди панҷвақта дар ноҳияи Ҳисорро бо иттиҳоми ҷинбарорӣ ва таҷовуз ба номуси як зани корафтода ва як марди диндор аз ноҳияи Рӯшонро бо иттиҳоми паҳн кардани видеоҳои порнографӣ дастгир кардаанд. Дар гузориши вазорати дохила лаҳзаҳои бӯсобӯсӣ ва алоқаи ҷинсии Давлатбек Миракови 82-сола бо як зан низ намоиш дода шуд.

Маркази матбуоти вазорати дохила дар ин гузориш мегӯяд, бархе рӯҳониён худро дар ҷомиа худро афроди ботақво вонамуда карда, аз Ислом ва Шариат ҳамчун ниқоб барои амалӣ кардани кирдорҳои бадахлоқӣ ва мардумфиребӣ сӯиистифода мекунанд. Чунин афроди манфиатҷӯву бехабар аз рисолати аслии дину мазҳаб, ба гуфтаи вазорати дохила, ба ҷомиа аз нигоҳи равониву ахлоқӣ таъсири зишт мерасонад: «Аз ҷумла барои он тоифае, ки худро дар байни мардум ҳамчун муллои ҷинбарору фолбин ва мушкилкушо муаррифӣ мекунанд, муқаддасоти дин ва арзишҳои динӣ қимате надорад.”

Аз ҷумла мақомоти милиса имоми 82-солаи масҷиди панҷвақтаи деҳаи Ниёгони ҷамоати Дурбати ноҳияи Ҳисор Мираков Давлатбек Аҳмадович, соли таваллудаш 1935, зодаи ноҳияи Раштро дастгир кардаанд. Вазорати дохила мегӯяд, Давлатбек Мираков «чанд сол боз бо ҳар гуна макру найрангҳои ба худаш хос ва дур аз мазҳабу Шариат ба сеҳру ҷоду, хондани даму дуо, қайтарма ва кушодани бахт машғул буд.”

Вазорат дар гузоришаш меафзояд, «мардумфиребиву қаллобӣ ва аз номи дини поки Ислом сӯиистифода кардани Давлатбек Мираков ин як тарафи масъала бошад, масъалаи дигар, ки басо гӯшношуниду нанговар аст, бадахлоқӣ ва мавриди истифодаит шаҳвонӣ қарор додани мизоҷон аз ҷониби ин пирамарди 82-солаи оиладор ва соҳиби 11 фарзанду 40 набера мебошад.”

Дар гузориш пораҳое аз сабтҳои видеоӣ низ истифода шудаанд, ки дар он дида мешавад, ки ин пирамарди 82-сола як зани корафтодаро ба оғӯш кашида, чанд бор аз даҳонаш мебӯсад. Дар як пораи дигари ин видео лаҳзаҳои бо ин зан алоқаи ҷинсӣ кардани Давлатбек Пираков намоиш дода мешавад. Кай сабт шудани ин навор маълум нест.

Гуфта мешавад, Давлатбек Мираков бо онки имоми масҷиди панҷвақтаи деҳаи Ниёгони ҷамоати Дурбат буд, дар манзили истиқоматиаш мизоҷонро барои дуохонӣ қабул карда, даст ба чунин кирдорҳои зишт мезадааст.

Худи Давлатбек Мираков дар ин гузориш ба бадахлоқӣ даст заданашро эътироф мекунад: «Як одам омад барои дуохонӣ, ҳамонро таҷовуз кардем. Одам хато мекунад яке. Худои таоло дар нуқосинамон будааст, хато кардем. Дар ҳаётамон ҳамин як бор хато кардем.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *