Видо Фарҳудӣ — Эрон — Фаронса

Оташ бизан

Худро масўзон, бар риё, ваҳму гумон оташ бизан,

Ранҷе чу мековад туро, бар кунҳи он оташ бизан.

Умре супурдӣ боварат, бар нокасон»! Ку ёварат?

Ку дасти ғайбе бар сарат? Бар он дукон оташ бизан.

Гуфтам дукон чун корашон даллолии номи худост,

Ифшо кун ин даллолаҳо, бар наслашон оташ бизан.

Ҷоме бинўш аз ошиқӣ, бар он фақат чун лоиқӣ,

Бар зуҳду бар заҳробааш, бар шукарон оташ бизан.

Сард аст агар ҳастӣ кунун, аз худъаҳои гунагун,

Паймона пур кун аз ҷунун, бар устухон оташ бизан.

Шўридаваш бо саркашӣ, фурсат мадеҳ бар хомўшӣ,

Бедодро фарёд кун, ҷойи фиғон оташ бизан.

Тозида гар бо номи дин, бегона бар Эронзамин,

Ин фитнаи сисоларо, расвокунон оташ бизан.

Бигсил азои хастаро, гирйидани пайвастаро,

Бо шури шеърам ҳамсадо, бар наҳвахон оташ бизан.

Ҳаммеҳанӣ, эй ҳамзабон, андарзи ночизам бихон,

Бар душманон бо шуълаи сурхи баён оташ бизан.

Бо барқи чашми модарон, аз доғи садҳо навҷавон,

Ҷаллоди ҷангафрўзро бар қалби ҷон оташ бизан.

Моми ватан афсурдааст, дарди туаш озурдааст,

То хуш шавад аҳволи ў, бар хоинон оташ бизан.

***

Зардии як даст

Кўча-кўча шодмонӣ бори худро басту рафт,

Ханда дар буғзи гулўи ошиқон бишкасту рафт.

Меҳрро зуҳди абўс аз бистараш берун кашид,

Бар ҷабинаш муҳри бадномӣ заду барҷасту рафт.

Нораво гуфтам! Нахусташ дадманиш коме биҷўст,

Пас задаш шаллоқи таъзиру танашро хасту рафт.

Сангҳо бар синааш бориду ҳар номаҳраме,

Наъра зад, к-ин фоҳиша садҳо зино кардаасту рафт.

Шавқро ифрияти ғам кушту кас лаб во накард,

Ё садоро заҷҷаи шуми азо бигсасту рафт.

Меҳан аз ҷоми шақоиқ ҷуръае нўшиду ваҳм,

Бар сараш тозиду шуд аз хуни ў сармасту рафт.

Ҷойи атри меҳрубонӣ бўйи бад юмни нифоқ,

Хонаҳо оканду имон, бар риё пайвасту рафт.

Он баҳори баҳманӣ, к-обистани сад ғунча буд,

Шуд хазони саҳнаӣ, бо зардии як дасту рафт.

Рўзи нав омад, вале Ҷамшедро ҷоме набуд,

Бар мазори лолаҳо чанде ҳазин биншасту рафт.

Кошки аз нав бигардад зиндагӣ бар коми ишқ,

Чун ба эъҷозаш тавон аз Аҳриманҳо расту рафт.

Ношуданҳоро биҳил, дар кори дил парво макун,

Бояд охир ҳар тилисми куҳнаро бишкасту рафт.

Ҳиммате, эй ошно, дастат бидеҳ бар дасти ишқ,

Мешавад, оре, тавон дастони шарро басту рафт.

ویدا فرهودی — ایران — فرانسه

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *