Виктор Тоҷикистонро дар Порис муаррифӣ мекунад

Виктор Рассадин, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар марҳилаи охирини мусобиқаи интихобӣ дар риштаи гуштии озод, ки 11-уми май дар Туркия баргузор шуд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Пориси Фаронса гардид.

Рассадини 30-сола, ки аз Ёқутистони Русия мебошад, ба дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон даъват шуда, шаҳрвандии кишвари моро дорад. Ӯ дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар шаҳри Истанбули Туркия дар вазни то 74 кило дар даври аввал ба Нурхоҷа Кайпанови қазоқ (4:1), баъдан ба Зелимхон Ҳоҷиев (6:5) аз Фаронса, сипас ба Вадим Тсуркан (2:0) аз Украина ғолиб шуда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Рассадин дар нимфинал Чермен Валиевро аз Албания бо ҳисоби 3:2 шикаст дода, ба финал баромад ва соҳиби роҳхати олимпӣ гардид. Вай Тоҷикистонро дар риштаи гуштии озод дар Олимпиадаи Порис-2024 муаррифӣ хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *