Миҷгона Ҳасанова

Виолончел. Асбоби ғайриоддие, ки Марҷонаро ҷаҳондида кард

Марҷона Ҳасанова виолончел менавозад. Ин асбоб ғайриоддӣ аст ва на ҳар кас онро навохта метавонад, вале қаҳрамони мо дар натиҷаи омӯзишҳои пайваста ва таҷрибаи бисёрсола ба пояи устодӣ расидааст. Ӯ феълан навозандаи мумтози ин асбоби мусиқӣ аст.

Марҷона Ҳасанова аз ҳаштсолагӣ виолончел менавозад. Ӯ навохтани ин асбоби ғайриоддиву ҳаҷман бузургро дар мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова (ҳозира мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев)-и шаҳри Душанбе омӯхтааст. Дар мактаби мусиқӣ ба ғайр аз виолончел дарси фортепианоро низ гузаштааст. Аз ин ҷост, ки қаҳрамони мо ин асбоби мусиқиро низ навохта метавонад.

«Интихоби ман виолончел набуд. Аз рӯи имтиҳони қабуле, ки барои дохилишавӣ дар мактаби мусиқӣ мегирифтанд, комиссияи қабул маро ба гуруҳи виолончел роҳхат дод. Ҳангоми хатм аллакай ман самти худро муайян кардам. Қарор додам, ки навозандаи ин асбоб мешавам»,- гуфт қаҳрамони мо доир ба роҳи интихобкардаи худ.

Марҷона Ҳасанова баъди хатми мактаби мусиқӣ Консерваторияи Урал ба номи М. П. Мусоргскогоро хатм кардааст. Соли 2014 ба Тоҷикистон баргашта, то имрӯз ба ҳайси навозандаи виолончел кору фаъолият мекунад.

Миҷгона мегӯяд, ки барои муваффақ шуданаш дар соҳаи навозандагӣ нақши оилааш ниҳоят бузург аст: “Оилаи ман ҳамеша маро дастгирӣ мекунад ва ин барои ҳунарманд муҳим аст”.

Аз Марҷона Ҳасанова дар мавриди касбияташ пурсон шудем. Гуфт, ки ба фаъолияти ӯ бояд шунавандагон баҳо бидиҳанд. «Ҳар як навозанда бояд кор кунад, бисёр омӯзад, аз болои ҳунари худ кор кунад ва онро сайқал диҳад. Навозанда бояд ҳамеша дар эҷоду навоварӣ бошад ва ба пеш ҳаракат кунад»,- мегӯяд ӯ.

Ӯ дар чандин саҳнаҳои ҳунарии дохилу хориҷ, консерту фестивал ва чорабиниҳои фарҳангии ҷаҳонӣ иштирок кардааст.

Миҷгона дар пеш нақшаҳои зиёд дорад, вале аз гуфтани онҳо худдорӣ мекунад. Ҳоло Марҷона Ҳасанова устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар гуруҳи виолончел аст. Ҳамзамон, дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва Оркестри симфонии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун навозандаи виолончел фаъолият дорад.

Идибеки САИД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *