Вирджил Ван Дейк беҳтарин муҳофизатгари сол

Муҳофизатгари нотакрори ҳолландӣ Вирджил Ван Дейк 8-уми июни соли 1991 дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Падараш Рон ван Дейк устои телевезион ва модараш Холлен Фо Сиу корманди ҳарбӣ мебошанд.

Муҳофизатгари  нотакрори ҳолландӣ Вирджил Ван Дейк 8-уми июни соли 1991 дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Падараш Рон ван Дейк устои телевезион ва модараш Холлен Фо Сиу корманди ҳарбӣ мебошанд.  

Ба бахти бади Ван Дейк дар 12 — солагияш падару модараш аз ҳам ҷудо мешаванд ва Вирджил бо хоҳару бародараш бо модарашон зиндагиро ихтиёр мекунанд. Ҳарчанд падараш Ван Дейк ва оилаашро дар хурдӣ тарк карда бошад ҳам, аммо ӯ имрӯз дар майдон бо номи падараш ҳунарнамоӣ мекунад, ки ин амал садоқат ба наздиконро нишон медиҳад.

КАРЕРАИ ВАРЗИШИИ ВАН ДЕЙК

Виржил баъд аз хатми Академияи футболи “Гронингем” шомили дастаи “Виллем II» гардид ва карераи варзишиаш маҳз аз ҳамин даста оғоз меёбад. 1-уми апрели соли 2011 ӯ аввалин маротиба дар дастаи ҷадидаш вориди майдон гардид ва ҳамагӣ 28 дақиқа муқобили дастаи “АДО Ден Хаг”  ҳунарнамоӣ намуд. Аввалин голи худро Ван Дейк 30-уми октябр муқобили дастаи “Фейнеоорда” ба самар расонид, ки ин оғози муваффақияти нобиғаи ҳолландӣ ба ҳисоб мерафт.

Соли 2013 хабарҳое паҳн шуданд, ки гӯё Ван Дейк ба  дастаи англисии “Эвертон” гузариш мекунад, вале баъзе аз хабарнигорон эҳтимоли зиёди пайвастани ӯро ба дастаи «Куинз Парк Рейнджер”тахмин мекарданд. Худи Ван Дейк бошад, на ину на он, балки дастаи “Селтик” –ро интихоб намуд. Вирджил бо ин даста шартномаи 4 — солаи ҳамкорӣ  баст, вале танҳо ду сол дар ин даста бозӣ карду халос. Футболбози ҳолландӣ дар ҳайати “Селтик” 76 маротиба ба майдони сабз баромада, 9 голро низ таслими дарвозаи рақиб намудааст.

Соли 2015 дастаи англисии “Саутгемптон” Ван Дейкро ба ҳайати худ ҷалб намуд ва ӯ маҳз дар ҳамин даста ба авҷи шуҳрат расид, ки ин шону шуҳрат диққати абардастаҳои Аврупоро ба истилоҳе “Деви” футбол ҷалб намуд.

ЛИВЕРПУЛ ДАСТАИ РУЁҲО

Маҳорату малакаи нотакрори ин ҳимоятгарро дида бузургтарин дастаи англисии “Ливерпул” муддаии асосӣ барои харидории ӯ ба ҳисоб мерафт ва тавонист бо маблағи рекордии 75 млн. эвро Ван Дейкро ба дастаи худ ҷалб намояд.  Дар таърихи футбол Вирджил гаронарзиштарин ҳимоятгар ба ҳисоб меравад, ки то кунун ҳеҷ дастае бо чунин маблағ ҳимоятгар нахаридааст.

Мавсими солҳои 2018-2019 барои Ван Дейк бобарортарин ва хотирмонтарин мавсим ба ҳисоб мерафт, зеро ӯ бо ҳайати “Ливерпул” тавонист суперҷоми Аврупоро ба даст орад. Инчунин,  дар ин мавсим аз ҷониби УЕФА Ван Дейк беҳтарин муҳофизатгари сол эътироф гардид ва дар ҳоли ҳозир муддаии асосии тӯби тиллоӣ низ ба ҳисоб меравад.

БЕҲТАРИН ДАСТОВАРДҲОИ ВАН ДЕЙК

Беҳтарин дастовардҳои Ван Дейк дар фаъолияти футболбозиаш: Бозингари сол дар ҳайати “Селтик” солҳои 2013-2014, беҳтарин бозингари сол дар ҳайати “Саутгемтон” 2015-2016,  бозингари сол дар ҳайати “Ливерпул” 2018-2019, беҳтарин ҳимоятгари лигаи чемпионҳо 2018-2019 ва баҳтарин футболбози Аврупо дар соли 2019 ба ҳисоб мераванд.

Таҳияи

ЯҲЁ МАМАДНАБИЕВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *