Парвози ҳавопаймои Ӯзбекистон ба Душанбе
Ҳавопаймои Ӯзбекистон, ки шомили табибони сироятшинос ва маводи доруворист, соати 15:00 дақиқаи имрӯз, 8 май дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе фуруд омад.
Тавре аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Pressa.tj иттилоъ доданд, ҳоло масъулин ҳавопайморо бо ҳар гуна маҳлулҳои зиддивирусӣ поккорӣ доранд. Намояндагони вазоратҳои тандурустӣ, корҳои хориҷии Тоҷикистон барои қабули табибони ҳамсоякишвар ва маҳсулоти башардӯстона омдагӣ мегиранд.
Мадади башардӯстона ва омадани табибони сироятшиноси ҳамсоякишвар дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарони давлатҳо авзои кунунии эпидемиологии минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ намуда, бо ҳамдигар дар бораи вазъяти ду кишвар дар робита ба паҳншавии сирояти коронавируси нав табодули иттилоот намуданд. Дар ин замина, Президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон омодагии худро барои амалҳои муштарак ҷиҳати рафъи ҳолатҳои бӯҳронӣ бори дигар тасдиқ карданд.
Қаблан сомонаи Pressa.tj дар такя ба манбаъҳои худ иттилоъ дода буд, аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 8 нафар вирусологҳо ворид мешаванд. Акнун сироятшиносони ӯзбекистонӣ, ки мутахассисони ҳирфаӣ мебошанд, дар паҳлӯи ҳамкасбони тоҷикашон, дар табобати беморони сироятии коронавирус ва пешгирӣ аз он саҳм мегузоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ