Вирусологҳои Чин вориди Душанбе шуданд
Шаби 23 май гурӯҳи табибони давлати Чин, ки аз 14 нафар иборатанд, ба Тоҷикистон омаданд. Ҳадаф аз сафари табибони чинӣ ба Душанбе, мусоидат дар табобати бемории сироятии коронавирус дар якҷоягӣ бо табибони тоҷик мебошад.
Инчунин, дар ин хатсайри махсус ҷониби Чин ба Тоҷикистон 24 тонна маҳсулоти дорувории зиддивирусӣ ва чандин адад дастгоҳи ташхисӣ ва либосҳои махсуси тиббӣ ҳамчун кӯмак равон кардааст. Сафари табибони Чин дар ҳолест, ки қаблан 8 нафар вирусологҳои Ӯзбекистон дар Душанбе қарор доштанд.
Масъулини тандурустии шаҳри Душанбе мегӯянд, ки ҳоло нафарони шифоёфта аз бемории коронавирус рӯ ба афзоиш дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ