Виталий Левченко: Сармураббии нави “Истиқлол” кист?

Виталий Левченко, собиқ муҳофизагари яккачини Тоҷикистон сармураббии дастаи “Истиқлол”-и пойтахт таъин шуд. Ӯ дар ин мақом Алишер Тухтаевро иваз кард, ки то ин замон ба ҳайси иҷрокунандаи сармураббии “Истиқлол” буд.

Виталий  Левчанко кист?

Виталий Григоревич Левченко 23 марти 1972 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, дастпарвари мактаби футболи маҳаллӣ мебошад. Ӯ ба ҳайси бозингар дар дастаҳои “Хуҷанд”, дастаҳои украинӣ “Динамо”, ССКА (Киев), “Таврию”- Симферопол, бошгоҳҳои русии “Волгар” (Астрахан), “Спартак” (Кострома), “Динамо” (Ставропол), “Урал” (Екатеринбург) ва ҳамчунин, дар тими чинии “Чан чун Ятай” бозӣ кардааст. Инчунин, Виталий Левченко дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон низ баромад намуда, даҳ бозӣ анҷом додааст.

Номбурда ба ҳайси мураббӣ  дастаҳои  украинии “Княжа” (вилояти Борисполский) “Еднист” ва “Десна” (вилояти Черниговск ), тамрин додааст. Ӯ ҳамчунин дар гузашта ёрдамчии сармураббии яккачини ҷавонони Украина, ёвари сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, сармураббии тими наврасони Тоҷикистон (U-19), сармураббии дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор ва охирин бор дар дастаи “Хуҷанд” фаъолият дошт.

 “Истиқлол”: аз ибтидо то имрӯз

Клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе моҳи ноябри соли 2007 таъсис ёфтааст. Президенти клуби «Истиқлол» − Шоҳрух Саидов ва сармураббии даста –Қаноат Латипов таъин гардиданд. Аз замони таъсисёбии даста то соли 2014 вазифаи капитани дастаро бозингари бомаҳорат Юсуф Рабиев ба уҳда дошт. Пойгоҳи асосии «Истиқлол» − Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, ки ғунҷоиши 24 ҳазор тамошобинро дорад, интихоб гардид.

Дар мавсими бозиҳои футболи соли 2008 «Истиқлол» таҳти роҳбарии сармураббӣ  Қ. Латифов дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум дар 35 бозӣ ғолиб шуда,  ҳуқуқи дар лигаи олӣ бозӣ карданро пайдо кард. Дар лигаи олии чемпионати Тоҷикистон соли 2009 бошад, «Истиқлол» таҳти роҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров бо як зумра бозигарони ҷавони ботаҷриба, ки аз мактаби дастаи мунтахаби футболбозони навраси Тоҷикистон гузашта буданд, ба сабқат шурӯъ кард. Дар 18 мусобиқа 11 ғалаба ба даст оварда, 3 бозиро мусовӣ намуд ва 4 бозиро бохта, бо 36 хол ҷои чорумро ишғол кард. Ҳамзамон, дар мусобиқаи анъанавии зимистона ва баҳори барои гирифтани Ҷоми миллии ҷумҳурӣ ғолиб шуд. Дар соли 2010 «Истиқлол» бо усулҳои хосси бозии худ тавонист, ки Ҷоми олӣ ва Ҷоми миллиро ба даст оварда, чемпиони Тоҷикистон шавад. Дар таърихи футболи тоҷик бори нахуст «Истиқлол» дастаи чемпиони секаратаи кишвар − «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуда, Ҷоми олии Тоҷикистонро соҳиб шуд. Дар мусобиқаи ниҳоӣ барои Ҷоми Тоҷикистон (2010), ки чун анъана 5 октябр − дар рӯзи таваллуди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешуд, «Истиқлол» дастаи «Хуҷанд»-ро бо ҳисоби 5:0 мағлуб кард. Даври якуми чемпионати миллӣ барои «Истиқлол» чандон бобарор набуд: дар миёнаҳои даври дуюм сармураббӣ С. Ғафуров аз вазифа сабукдӯш шуд ва роҳбарияти клуб ба ҷои ӯ Алимҷон Рафиқов − собиқ ҳимоятгари маъруфи дастаи «Помир»-и Душанбе хатмкардаи Мактаби олии сармураббиёни Маскав ва дорои иҷозатномаи дараҷаи «В»-ро ба вазифа таъин кард. Бо омадани мураббии нав даста таҷдид гардид ва баъди чанд бозӣ «Истиқлол» дар ҷадвали мусибиқот пешсаф шуд. Дар чемпионати соли 2010 «Истиқлол» дар 32 бозӣ боре мағлуб нашуд ва дар 26 бозӣ ғолиб омада, 5 бозиро мусовӣ анҷом дод ва соҳиби 84 хол гашта, садрнишини ҷадвал гардид.

 Дар ҷамъбасти мусобиқаҳои соли 2010 ба капитани даста ва ҳамлагар Юсуф Рабиев бо 30 тӯби ба дарвозаи ҳарифон вориднамудааш унвони «Футболбози беҳтарини Тоҷикистон» дода шуд. Э. Раҷабов «Ҳимоятгари беҳтарин» ва А. Рафиқов «Сармураббии беҳтарини сол» эълон шуданд. Дар дастаи «Истиқлол» бисёр бозигарони ҷавон ва умедбахш шомиланд, ки аъзои дастаҳои мунтахаби миллӣ, ҷавонон, олимпӣ ва наврасони Тоҷикистон мебошанд. Дар мавсими футболи соли 2010 «Истиқлол» ғолиби чемпионати Тоҷикистон гашта, дар таърихи футболи тоҷик аввалин шуда, барои ширкат дар мусобиқаҳои «Ҷоми Иттиҳод‒2011» ва Ҷоми президенти КФО‒2011 (Конфедератсияи футболи Осиё) ҳуқуқ пайдо кард. Соли 2011 низ «Истиқлол» Ҷоми олӣ ва Ҷоми миллии чемпионати Тоҷикистонро соҳиб шуд. Дар ҷамъбасти сол Алишер Тӯйчиев «Дарвозабони беҳтарин», Ю. Рабиев бо 32 тӯби задааш  «Ҳамлагари беҳтарин» эътироф шуданд. Мавсими соли 2012-ро «Истиқлол» бомуваффақият оғоз кард: таҳти роҳбарии сармураббии нав ‒ Никола Кавазович даста бори сеюм Ҷоми олии ҷумҳуриро ба даст овард. Ҳамон сол «Истиқлол» дар чемпионати Тоҷикистон соҳиби медали биринҷӣ ва Ҷоми президенти КФО шуда, А. Тӯйчиев «Дарвозабони беҳтарин», Нуриддин Давронов «Нимҳимоятгари беҳтарин», капитани даста Дилшод Восиев «Ҳамлагари беҳтарин» ва «Футболбози беҳтарини сол» эълон гардиданд. Дар даври якуми чемпионати Тоҷикистон (2013) «Истиқлол» дар 9 бозӣ 8 ғолибият ба даст оварда, баъди бохт аз дастаи «Равшан»-и Кӯлоб (1:0) сармураббӣ Н. Кавазович ба истеъфо рафт.

Аз Ширинбеков то Муҳаммадиев

Баъди сармурабӣ таъин шудани Олег Ширинбеков “Истиқлол” ба марҳилаи дигар баромад.  Бояд гуфт, ки Ширинбеков дар гузашта нимҳимоятгари маъруфи дастаҳои футболи «Помир»-и Душанбе, «Торпедо»-и Маскав ва мунтахаби ИҶШС-и буда, бозингари машҳури давр ба ҳисоб мерафт. Бо омадани ин мутахассис дар ҷамъбасти мавсим «Истиқлол» ба гирифтани медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон ва Ҷоми миллӣ мушарраф гардид. Дар ин сол А. Тӯйчиев бори сеюм «Дарвозабони беҳтарин», Д. Восиев бори дуюм «Футболбози беҳтарини сол» ва Ҳусейни Сӯҳроб лиганери  эронии даста «Нишонзанӣ беҳтарин»-и чемпионати Тоҷикистон интихоб шуданд. Моҳи январи соли 2014 ба ҷои О. Ширинбеков Мубин Эргашев сармураббии дастаро ба уҳда гирифт. Баъдан «Истиқлол» дар тамоми мусобиқаҳои дохилии кишвар пирӯз гардид. Моҳи феврал дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми осоишгоҳи «Баҳористон» бо иштироки дастаҳои футболи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон «Истиқлол» 5 ғалаба ба даст оварда, соҳиби ҷоми мазкур гашт. Сипас, Ҷоми ФФТ ва Ҷоми олии Тоҷикистонро низ ба даст овард. Ҳамон сол «Истиқлол» бори сеюм чемпиони Тоҷикистон ва бори чорум соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд. Дар мавсими соли 2015 «Истиқлол» дар мусобиқаҳо барои Ҷоми КФО аввалин шуда, то давраи ниҳоӣ роҳ ёфт ва ширкатдори муваффақи он гардид. Дар мусобиқаҳои дохили кишвар «Истиқлол» бори дуюм соҳиби Ҷоми осоишгоҳи «Баҳористон», Ҷоми ФФТ, бори панҷум Ҷоми олии Тоҷикистон, бори чорум медали тиллои чемпионати миллӣ гашта, дар мусобиқаи ниҳоии мавсим бори панҷум Ҷоми миллиро ба даст овард. Дар мавсими соли 2016 «Истиқлол» дар мусобиқот барои Ҷоми КФО аз гурӯҳҳо баромада натавонист. Баъди даври якуми мусобиқот Н. Юсуфов иҷрокунандаи муваққатии вазифаи сармураббии даста таъин шуд. Дар ҷамъбасти мавсими футбол «Истиқлол» бори панҷум соҳиби медали тилло ва бори шашум ғолиби мусобиқаҳои Ҷоми кишвар гардид.

Дар мавсими соли 2017-2018 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бори чорум барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) гардид.

Баъд аз Мубин Эргашев, ки то соли 2016 роҳбарии дастаро ба зимма дошт Мӯҳсин Муҳаммадиев мураббии даста таъин гардид. Аммо Муҳаммадиев то соли 2018  фаъолият намуда, бо сабабҳои номаълум ба дастаи “Бухоро”-и Ӯзбекистон гузариш намуд. Баъд аз рафтани М. Муҳаммадиев аҳволи даста то андозае бад гардид ва роҳбарияти бошгоҳ Алишер Тухтаевро чун иҷрокунандаи даста таъин намуда буд. Акнун ҳаводорони “Истиқлол” бар он умед мебанданд, ки Левченкои ботаҷриба дастаро на танҳо дар кишвар, балки дар минтақа ба дастаи шикастнопазир табдил диҳад.

Яҳё Маҳмаднабиев,

   “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *