Вижаномаи олими тоҷик дар Ҳиндустон
Маҷаллаи маъруфи «Қанди порсӣ», ки аз ҷониби маркази таҳқиқоти форсии Ройзании Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ба нашр мерасад, як шумораи худро пурра ба фаъолияти илмии доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Замира Ғаффорова бахшидааст.
Шумораи махсуси маҷаллаи Қанди порсӣ» (шумораи №71-72-юми соли 2016) бо номи «Вижаномаи профессор Замира Ғаффорова» 22 мақолаи илмии профессор, аз ҷумла «Нуфузи Ҷомӣ дар Шибҳи Қораи ҳинд», «Назаре ба ҳаёти илмӣ-адабии Ҳиндустон дар замони Лудиён», «Арзиш ва аҳамияти ахлоқии насиҳатномаҳои Амир Хусрави Деҳлавӣ», «Нигоҳе ба муҳтавиёт ва вижагиҳои сабкии маснавии «Меҳру Моҳ»-и Ҷамолии Деҳлавӣ», «Нусхашиносии «Сияр-ул-орифин»-и Ҷамолии Деҳлавӣ ва шарҳи нусхае аз он дар Китобхонаи Берлин», «Ривоҷи забони форсӣ дар Кашмир дар қуруни чаҳордаҳум ва понздаҳум», «Вижагиҳои сабки ҳиндӣ дар ашъори шуарои Кашмир», «Шоири рангиннаво» ва «Шинохти Камоли Хуҷандӣ дар Ҳинду Покистон»-ро дар ҳаҷми 505 саҳифа дар бар гирифта, бо хатти форсӣ манзури хонандагон гардидааст.
Маҷаллаи «Қанди порсӣ» қариб чил сол мешавад, ки дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ба нашр мерасад ва аз маъруфтарин нашрияҳои илмии форсизабон аст.
Профессор Замира Ғаффорова, аз зумраи олимони сермаҳусул буда, дар миёни адабиётшиносони дохил ва хориҷи кишвар маъруфият дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ