ВКД: Ҳалокати мактаббачаҳо дар зери чархи мототсикл ва мошин

1-уми июни соли 2018, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи мототсикли тамғаи «БМВ”, Виниченко Иван Михайлович, соли таваллудаш 1971, истиқоматкунандаи Федератсияи Россия, вилояти Новосибирск, ноҳияи Истикимский, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Конибодом-Деҳмой” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Э.Шарифови шаҳри Конибодом бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, Содиқов Эҳсонҷон Исломҷонович, соли таваллудаш 2006, хонандаи синфи 5-уми МТМУ, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин 2-юми июни соли 2018, тахминан соати 12:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Портер” Ҳомидов Маҳмадулло Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Восеъ-Темурмалик”, дар ҳудуди деҳаи Тозқалъа аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Иброҳими Исмоил, соли таваллудаш 2007, хонандаи синфи 4-уми МТМУ, сокини ҷамотаи деҳоти М.Маҳмадалиевро пахш намудааст.
Мутаассифона, дар натиҷаи рух додани чунин ҳодиса пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *