ВКД ҷасади Амировро аз зери тарма ёфт
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба воситаи Хадамоти кинологии Вазорати корҳои дохилӣ ҷасади шаҳрванд Амиров Бахтиёр Бобоалиевич, ки дар зери тарма монда буд, дарёфт карда шуд.
Ӯ соли таваллудаш 1968, тракторчӣ-механизоти ширкати хусусии «Нузам», сокини ҷамоати деҳоти Пушинг, деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара буд. Сардори ширкати хусусии «Нузам» Нуралӣ Мудаков барои дарёфти ҷасад ба кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти кинологӣ изҳори миннатдории худро баён намуд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Гузориши махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо аксҳо аз минтақаи Варзоб, ки бар асари фаромадани тарма барои Тоҷикистон мушкилот пеш овардааст, дар шумораи наватӣ мутолиа намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ