Вкд-и Россия мегӯяд,ки ихроҷи муҳоҷирони тоҷикро маън накардаем

Вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд, ягон фармон дар бораи манъи ихроҷи муҳоҷирони тоҷик содир накардааст. Қаблан шабакаи «Лайф” хабар дод, ки ба пулиси Маскав фармон додаанд, ки ба зидди муҳоҷирони тоҷик дигар парвандаҳои маъмурӣ накушоянд ва онҳоро ихроҷ накунанд.

Вазорати корҳои дохилии Русия дар як посухи хаттӣ ба дархости хабаргузории ТАСС гуфтааст, ин ниҳод кадом фармоне дар бораи манъи ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон надодааст.

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Русия дар номааш ба ТАСС навиштааст: «Хабар медиҳем, ки фармон дар бораи маҳдудият барои кушодани парвандаҳои қонуншиканиҳои маъмурӣ дода нашудааст.”

«Сообщаем, что не издавался ведомственный приказ об ограничении возбуждения дел об административных правонарушениях.»

Ин дар ҳолест, ки шабакаи телевизионии «Лайф”-и Русия, ки ба мақомоти интизомии он кишвар наздик аст, рӯзи 6 апрел хабар дод, ки бар асоси як фармон кормандони пулиси шаҳри Маскав амр гирифтаанд, ки таъқиби муҳоҷирони тоҷикро бас кунанд.

Қаблан намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия низ гуфта буданд, ки бар асоси тавофуқи байни ду кишвар, дар ҷараёни маъракаи афви муҳоҷирони тоҷик, ки аз 25 март то 24 апрел давом мекунад, ба маъмурони пулиси Русия тавсия дода шудааст, ки аз беҳуда ҷарима бастану ихроҷ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

«Лайф” менависад, чунин фармон дар бораи манъи кушодани парвандаҳои маъмурӣ ба зидди муҳоҷирони тоҷик дар ҳавзаи маъмурии Ҷанубӣ (ЮАО)-и шаҳри Маскав дар байни шӯъбаҳои пулиси ин ҳавза расман паҳн шудааст ва ба зудӣ дигар шӯъбаҳои пулиси пойтахти Русия низ чунин фармони расмиро дарёфт хоҳанд кард.

Бино ба ин манбаъ, дар фармоне ки дар ҳавзаи Ҷанубӣ ба маъмурони пулис додаанд, гуфта мешавад, ки ба зидди шаҳрвандони Тоҷикистон дигар парвандаҳои маъмурӣ накушоянд ва онҳоро аз қаламрави Русия ихроҷ ё берун накунанд.

Бар асоси ин фармон, маъмурони пулис бояд корро бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон ҳамчунон идома бидиҳанд, вале аз кашондани онҳо ба ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия худдорӣ кунанд.

Дар фармон аз ҷумла гууфта шудааст: «Ин гурӯҳи шаҳрвандон бояд дар рӯйхатҳои махсус тафтиш шаванд, аксбардорӣ ва сабти изи ангуштони онҳо идома ёбад. Тамоми маълумот дар бораи шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон бояд ҳар рӯз ба шӯъбаҳои фаврии ҳавзавии раёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав фиристода шавад.”

«Лайф” ин сабукиҳо барои муҳоҷирони тоҷикро ба омодагиҳо барои пазируфтани Тоҷикистон ба узвияти ЕвразЭС – Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё, як созмони минтақавии таҳти нуфузи Русия – бастагӣ додааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, бо вуҷуди афви эълоншуда маъмурони пулис дар Маскав ва дигар минтақаҳои Русия ба таъқибу боздошти муҳоҷирони тоҷик беист идома дода истодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *