ВКД: Ҳикматулло бемор аст ва  қасди худкушии ӯ ба таксиҳо  иртиботе надорад

Вазорати корҳои  дохилии Тоҷикистон қасди худкушии як сокини шаҳри Душанбе, падари се фарзандро дар назди бинои шаҳрдории пойтахт шарҳ дод. 

Тибқи иттилоияи ин ниҳод 11-уми апрел тахминан соати 16-30 Шарипов Ҳикматулло Неъматович, соли таваллудаш 29-уми марти 1980, ҳангоми гузаштан аз назди бинои Ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе қисми пеши гарданашро бурида, дар беморхонаи марказии шаҳраки тиббӣ бистарӣ гаштааст: “Маълум гардид, ки Шарипов бинобар муноқишаҳои доимӣ соли 2014 бо се фарзанд аз ҳамсараш Муминова Шаҳноза ҷудо шуда, бо сохторҳои давлатӣ мунтазам муроҷиат кардааст”.

ВКД мегӯяд, Шарипов қаблан дар пайи муноқишаҳои оилавӣ бо модарарусаш Улматова Эътибор, хонаи ӯро оташ зада, бо моддаи 255-и Кодекси ҷиноӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст: “ Бинобар дар ҳолати руҳии носолим қарор доштанаш кӯшиши ба худкушӣ даст задан намуд, ҳоло бошад дар беморхона дар ҳолати муътадил қарор дорад”.

Мақомоти корҳои дохилӣ рабт доштани қазияро ба манъи ҳаракати “таксиҳои 3-сомонӣ” рад карда, афзуданд, ки прокуратураи Душанбе феълан аз рӯи ин ҳодиса санҷиш гузаронида истодааст: “Ҳодисаи рухдода аз рӯи ахбороти паҳншуда ба ронандаи таксӣ ягон алоқамандӣ надорад”.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ нашр гардид, ки падари се фарзанд, ки бо рондани таксиҳои сесомонӣ рӯзгорашро пеш мебурд, дар пайи бархӯрди дурушти масъулини шаҳрдорӣ дар пеши бинои он гулӯяшро буридааст. Гуфта мешуд, ки мошини ин ронандаро мусодира кардаанд ва ба шикояташ дар шаҳрдорию дигар мақомот касе расидагӣ накардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *