ВКД изи ангушти ҳамаро мегирад!
Дар Тоҷикистон маъракаи сартосарии гирифтани изи ангушти сокинон оғоз ёфтааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии гуфтааст, ин маърака ба хотири иҷрои қонун дар бораи «Ба қайдгирии давлатии дактилоскопӣ» ҷараён дорад ва сокинон набояд аз гирифтани изи ангуштонашон нигарон шаванд.
Моҳи ноябри соли гузашта порлумони Тоҷикистон бо таҳрири нав ин қонунро тасвиб кард. Бар асоси ин қонун, ҳар шаҳрванди аз 16-сола боло вазифадор аст, ки ҳангоми гирифтани шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият аз қайди дактилоскопӣ (гузоштани изи ангуштон) гузарад.
Хазинаи изи ангуштон, ки ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ҷамъоварӣ мешаванд, дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.
Ҳоло нозирони милиса дар маҳалҳо ба хонаи сокинон рафта ва тариқи дастгоҳи сайёр аз онҳо изи ангушт мегиранд. Қонун дар бораи “Ба қайдгирии давлатии дактилоскопӣ” дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 қабул шуда буд, вале соли 2015 порлумони кишвар онро дубора бозбинӣ кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ