ВКД: Муҳаммадбоқиров барои кирдорҳояш бояд ҷавоб гӯяд
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошти Тоҳир Маҳмадбоқиров, бародари Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз чеҳраҳои шинохтаи Бадахшонро расман тасдиқ кард.
Тавре аз Вазорат гуфтаанд, Тоҳир Маҳмадбоқиров бо иттиҳоми «авбошӣ» чаҳор сол боз таҳти пайгард қарор дошт. Масъулин изҳор доштаанд, ки Тоҳир Маҳмадбоқирови 53-сола ҳанӯз аз соли 2014 бо иттиҳоми авбошӣ таҳти пайгард қарор дошт. Ба қавли Маркази матбуоти вазорат, ӯ бар иловаи таҳти пайгард қарор доштан, бо автомашинаи «Мерседес-Бенс» , бе иҷозаи доштани шишаҳои сиёҳкардашуда дар кӯчаҳои Хоруғ гаштугузор мекард ва нисбати кормандони милиса ҳам дағалӣ нишон дод. «Тоҳир Маҳмадбоқиров нисбати кормандони милиса дағалӣ кард ва таҳқир нишон дод ва аз ҷониби кормандони милиса ӯ ва ҳам автомашинааш боздошт шуд»,-афзудааст ин манбаъ.Ба гуфти Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ, баъзе хешу табор ва рафиқони Тоҳир Маҳмадбоқиров дар назди Шӯъбаи корҳои дохилии Хоруғ ҷамъ шуда, талаб доранд, ӯ раҳо шавад. «Лекин то замоне, ки дар назди қонун ҷавоб нагӯяд, раҳо карда намешавад»,-гуфтаанд дар ВКД.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ