ВКД: Писари Гулмурод Ҳалимов аз раҳбарони исён буд

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба ин ошӯб Беҳрӯзи Гулмурод, писари полковник Гулмурод Ҳалимов, ки соли 2015 ба Сурия рафта ва ба ДОИШ пайваста буд, Фахриддин Гулов, Маҳмадулло Шарифов ва Рӯҳулло Ҳасанов раҳбарӣ кардаанд.

Шаби гузашта соати 21.30-и вақти маҳаллӣ дар маҳбаси рақами 3/2-и шаҳри Ваҳдат, ки бо номи “Кирпичний” маъруф аст, ошӯби хунин рух дод.

Бар асари ин исён 29 зиндонӣ ва 3 корманди маҳбас кушта шуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба ин ошӯб Беҳрӯзи Гулмурод, писари полковник Гулмурод Ҳалимов, ки соли 2015 ба Сурия рафта ва ба ДОИШ пайваста буд, Фахриддин Гулов, Маҳмадулло Шарифов ва Рӯҳулло Ҳасанов раҳбарӣ кардаанд.

ВКД зимни шарҳи ин ҳодиса навиштааст, ҳадафи аслии ин афрод ташкили бетартибӣ дар маҳбас ва сипас, фарор аз ин ҷо будааст. Ба ин манзур онҳо се кормсанди  маҳбас-майор Бурҳониддин Муродов, майор Абдуҷаббор Ҳалимов ва лейтенанти калон Маҳмуд Асоевро бо корд ба қатл расонда, 8 маҳбуси узви ДОИШ озод ва ба хотири тарсондани дигарон 5 нафарро бо шумули Саид Қиёмиддини Ғозӣ, Махсуми Саттор ва Шайх Темур тавассути корд куштаанд.

Дар пайи амалиёти неруҳои амниятӣ 24 исёнгар безарар гардонда шуда ва 35 нафари дигар боздошт шуданд. Гаравгонҳо озод гардиданд.

Нисбати ҳодисаи исён дар маҳбаси “Кирпичний” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтишотро оғоз кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *