ВКД: Сатҳи ҷинояткорӣ назар ба соли гузашта коҳиш ёфтааст
Имрӯз дар нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ ва ниҳодҳои тобеаш иттилоъ дода шуд, ки сатҳи ҷинояткорӣ назар ба соли гузашта коҳиш ёфтааст.
Тибқи иттилои вазир Рамазон Раҳимзода, дар шаш моҳи соли 2022 дар миқёси ҷумҳурӣ 12482 ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1396 ҷиноят кам мебошад.
Дар нишаст ҳамзамон гуфта шуд, ки ҳама намудҳои ҷиноят, ба ғайр аз ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистӣ дошта коҳиш ёфтааст.
Зикр гардид, ки аз тарафи ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии кишвар дар шаш моҳи соли равон 1 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ