ВКД: Муҳоҷирон бояд ҳуҷҷатҳои худро сари вақт расмӣ кунанд
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия №1126 аз 30 декабри 2024, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз 1 январ то 30 апрели 2025 ҳуҷҷатҳои худро бидуни тарки қаламрави Русия ба расмият дароранд.
Ба иттилои ВКД, шаҳрвандоне, ки дар Русия қарор доранд, вале сабти ном надоранд, патенти корӣ надоранд ё пардохти он бо таъхир сурат гирифтааст, метавонанд аз ин имконият истифода баранд. Инчунин, шахсоне, ки ба рӯйхати таҳти назорат дохил карда шудаанд, ҳуқуқ доранд, ки дар доираи ин муқаррарот ҳуҷҷатҳои худро расмӣ намоянд ва фаъолияти қонунии меҳнатиро идома диҳанд.
Вазорати корҳои дохилӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки барои гирифтани маълумоти муфассал ба мақомоти дахлдори Русия муроҷиат намоянд ва ҳуҷҷатҳои худро дар муҳлати муайяншуда ба тартиб дароранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ