ВКД ҳушдор медиҳад
Зимни гузаронидани корҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони сироят кардан бо Вируси норасоии масунияти одам дастгир карда шуд.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, афзудаанд, ки номбурда ба бемории Вируси норасоии масунияти одам гирифтор буда, дар Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст.
«Дастгиршуда аз моҳи май то сентябри соли 2018 новобаста аз он, ки аз тарафи Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар вилояти Суғд оид ба бемор буданаш огоҳнома гирифтааст, дидаю дониста, бо марди 20-солаи сокини шаҳри Хуҷанд алоқаи ҷинсӣ намуда, ӯро ба ин беморӣ сироят кардааст»,- илова намуд манбаъ.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Зимнан, масъалаи пешгирии сироят кардан ба ВНМО солҳои охир ташвишовар гардида, дар ин самт як зумра тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд.
Аз ҷумла, 2 январи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду қонуни мукаммал ва якчанд қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаро, ки Маҷлиси намояндагон онҳоро қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуда буданд, ба имзо расониданд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии болозикр буданд, ки бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарӣ нисбат ба шахсоне, ки нафари дигарро мубталои сирояти Вируси норасоии масунияти одам мекунанд, ба имзо расонида шуданд.
Маврид зикр аст, ки мувофиқи моддаи 125 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки бо роҳҳои гуногун нафари дигарро ба бемори ВИЧ/СПИД гирифтор мекунанд, ба муҳлати аз 2 то 10 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ