ВКХ: Ҳамла ба Тоҷикистон хатари ҷиддӣ ба Русия аст

Як мақоми Вазорати корҳои хориҷии Русия зимни шарҳи ҳамла ба постгоҳи сарҳадӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, ки вуруди террористон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ амнияти Русияро зери хатар хоҳад бурд.

Замир Кабулов, директори департаменти Осиёи ВКХ Русия ба нашрияи “Известия” гуфтааст, ки ҳама гуна ҳамалоти террористӣ бояд қабл аз вуқӯъ хунво ва пешгирӣ шавад.

“Набояд мунтазир монд, ки 20 ҷангии мусаллаҳ вориди кишвар шаванд. Вуруди террористон ба ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ барои амнияти Русия хатари ҷиддӣ эҷод мекунад”-гуфтааст дипломат.

Замир Кабулов таъкид кардааст, ки Русия дар доираи Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ (СПАД) ба шариконаш дар минтақа кумак хоҳад кард.

6 ноябр гурӯҳи мусаллаҳи 20-нафара ба постгоҳи сарҳадии “Ишқобод”, воқеъ дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамла кард. Дар натиҷа, 15 ҳамлавар ва ду корманди ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон кушта шуданд. 5 узви ин гурӯҳ боздошт шуданд.

Баъдтар эълон шуд, ки ҳамлаи маргбор ба постгоҳи сарҳадии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” сурат гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *