ВКХ: Дар Украина 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мондаанд

Бинобар ҳодисаҳои кунунӣ дар Украина, аз ҷумла ҷорӣ гардидани ҳолати ҳарбӣ дар тамоми қаламрави кишвар ва баста шудани ҳарими ҳавоӣ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон маълумоти муфидро баҳри огоҳии шаҳрвандонамон ба нашр расонд.

Бино ба иттилои ВКХ, дар ҳудуди Украина 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мондаанд, ки 101 нафари онҳо донишҷӯ мебошанд.

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Украина раванди тартиб додани рӯйхати шаҳрвандоне, ки хоҳиши бозгашт ба Ватанро доранд, ба роҳ монда шудааст. Ба ҳолати 09:00 рӯзи 28-уми феврали соли 2022 теъдоди чунин шаҳрвандон зиёда аз 200 нафарро ташкил додааст, ки аз он 76 шаҳрванд ба Лаҳистон ва 45 шаҳрванд ба Молдова мустақилона сафар намудаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, телефони тамоси сафорат дар Киев шабонарӯзӣ бо рақами +380933361040 фаъолият мекунад, ки тариқи он дипломатҳои тоҷик доир ба масъалаи бозгашти шаҳрвандон тариқи кишварҳои сеюм мусоидати фаврии консулӣ мерасонанд.

Гуфта мешавад, ки айни замон шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз Украина ба Лаҳистон, Руминия ва Молдова бидуни барасмиятдарории раводид ба муҳлати маҳдуд, то 14 рӯз сафар намоянд. Дар баробари ин, шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва дигар ҳуҷатҳои дахлдор дошта бошанд.

Дар сарҳади Украина-Лаҳистон 8 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ — “Шегини”, “Рава-Русская”, “Ягодин”, “Устилуг”, “Краковетс”, “Угринов”, “Смолнитса” ва “Грушев” амал мекунанд.

Дар сарҳади Украина-Молдова 7 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, аз қабили “Паланка-Маяки”, “Ҷурҷулешти-Рени”, “Вулканешти-Виноградовка”, “Мирное-Табаки”, “Чадир Лунга-Новие Торяни”, “Бессарабка-Серпневое” ва “Тудора-Староказаче” фаъол мебошанд.

Дар сарҳади Украина-Руминия 10 нақтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, аз ҷумла “Ҷурҷулешти-Galati”, “Кагул-Oancea”, “Леушени-Албитса”, “Скулен-Яси”, “Костешти-Stinca”, “Крива-Мамалига”, “Ларга-Келменси”, “Бричани-Росошани”, “Окниса-Сокиряна” ва “Атаки-Могилёв-Подолский” амал мекунанд.

Тавре вазорат тавсия медиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аллакай дар ҳудуди Лаҳистон, Руминия ва Молдова қарор доранд, дар ҳолати зарурӣ метавонанд бо шахсони масъули намояндагиҳои дипломатии зерин дар тамос бошанд:

— Сафорати Тоҷикистон дар Молдова (бо қароргоҳ дар Киев) хати алоқаи доимии рақами +380933361040;

— Сафорати Тоҷикистон дар Лаҳистон (бо қароргоҳ дар Берлин) хати алоқаи доимии рақами +4915238204875, WhatsApp +992988613755;

— Сафорати Тоҷикистон дар Руминия (бо қароргоҳ дар Вена) хати алоқаи доимии рақами +436604806878 WhatsApp.

Аз шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Украина қарор доранд, хоҳиш карда шудааст, то дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ҳолати ҳарбиро қатъиян риоя намоянд, ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *