ВКХ хабарнигори Озодиро аз ҳаққи фаъолият маҳрум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иҷозатномаи кори Барот Юсуфӣ, хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанберо барои гузоришҳояш бозхондааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иҷозатномаи кори Барот Юсуфӣ, хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанберо барои гузоришҳояш бозхондааст.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ инро «намунаи назорати ҳукумат аз болои расонаи мустақил» номид.

Дейзи Синделар, иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ин иқдомро маҳкум кард. Ӯ рӯзи 27-уми июн гуфт, «моро барои ҳифзи меёърҳои касбии хабарнигорӣ муҷозот кардаанд.»

Хонум Синделар истифодаи низоми аккредитатсия ва ё тақдими иҷозатномаҳои кориро «сензура» унвон дода, «талоши дахолат ва фишор ба кори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ номид».

Радиои Озодӣ яке аз манбаъҳои камшумори ахбори мустақил дар Тоҷикистон аст.

Рӯзи 26-уми июн намояндагони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват шуданд. Ба онҳо иттилоъ доданд, ки иҷозатномаи кории Барот Юсуфӣ муваққатан боздошта шудааст, зеро ӯ чанд дафъа «дар гузоришҳояш ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро зикр кардааст».

Намояндаи Радиои Озодӣ ба Вазорати умури хориҷӣ иттилоъ дод, ки Барот Юсуфӣ видеожурналист буда, дар умум дар бораи ҳизби феълан дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ гузориш намедиҳад. Вале дар вазорат ба намояндагони Радиои Озодӣ гуфтаанд, «фармон аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ содир шудааст».

Барот Юсуфӣ (Бароталӣ Назаров) хабарнигори панҷуми Радиои Озодӣ аст, ки феълан аз иҷозатномаи корияш маҳрум шудааст.

Чаҳор нафари дигар мунтазири ҳалли иҷозатномаи фаъолият мебошанд. Иҷозатномаи корӣ бар асоси қонунҳои Тоҷикистон барои як сол дода мешавад.

Мақомот соли 2016, баъд аз нашри матлабе дар бораи духтари президенти Тоҷикистон, иҷозатномаи кори шаш хабарнигори Радиои Озодиро гирифт ва дертар бозпас дод.

Дар ҳамин ҳол, Ҳарлем Дезир, намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури озодии матбуот рӯзи 27-уми июн аз мақомоти Тоҷикистон хост, қарори худро дар бораи бозхондани иҷозатномаи кори хабарнигори Радиои Озодӣ Барот Юсуфӣ бозбинӣ кунанд.

«Иҷозатнома набояд ба унвони як василаи назорати муҳтаво ё маҳдуд кардани ҷараёни иттилоот истифода шавад. Ман аз мақомот мехоҳам, ки эътиборномаи кори Барот Юсуфиро барқарор кунанд ва ба ҳамкорони ӯ иҷозаи фаъолият диҳанд», — гуфт Ҳарлем Дезир дар баёянияи худ.

Чанде пеш Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо аз низоми додани «аккредитатсия» танқид кард ва гуфт, «набояд аккредитатсия ҳамчун василаи назорати хабарнигорон истифода шавад».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *