ВКХ-и Русия: «Роҳбар масири дастгирии Тоҷикистони дӯстро дигар накардааст»
Вазорати корҳои хориҷии Русия бо нашри баёнияе гуфтааст, он чи ки матбуоти Русия дар бораи Тоҷикистон менависанд, дидгоҳи шахсӣ ва кормандони идораи нашрияҳо буда, ба мавқеи ҳукумати Русия рабт надорад.
Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия бо пахши ин баёния гуфт: «Ин матолиб ба муаллифони гуногун, сиёсатшиносон, коршиносон тааллуқ доранд, ки дар масоили марбут ба зарфият, дурнамои рушди равобити дуҷониба ва муҳим будани тағйири масир саргум мондаанд».
Дар идомаи ин баёния таъкид мешаванд, ки муносибати Тоҷикистону Русия дар руҳияи дустона ва баробарию эҳтироми дуҷониба асос ёфта, дар заминаи мушорикати стротегӣ ва иттиҳод рушд мекунад: «Ҷониби Русия бар ин аст, ки рушди ҳамаҷонибаи минбаъдаи ин равобит ҷавобгӯи манфиатҳои усулии Русия ва Тоҷикистон буда, омили муҳими нигаҳдоштани суботу амният дар умум дар Осиёи Миёна мебошанд. Раҳбарияти Русия бидуни ҳеч тайғир масири дасгирии ҳамаҷонибаи Тоҷикистони дӯстро пеша кардааст».
Иҳзороти Вазорати хориҷаи Русия дар ҳолест, ки тайи чанд соли ахир матбуоти Русия, ҳатто матбуоти расмии Русия, ки аз ҳисоби давлати ин кишвар сармоягузорӣ мешаванд, матолиби сиёҳкунандаеро алайҳи муҳоҷирони тоҷик нашр мекарданд. Ин гуна нигариши матбуоти Русия алайҳи Тоҷикистон эътирози шадид матбуоти мустақили Тоҷикистонро ҳам ба бор оварда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ