ВКХ Ӯзбекистон ба хонаводаи Эгамуродова тасаллият гуфт

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба хонаводаи Умеда Эгамуродова, ки дар шаҳриТулаи Русия ваҳшиёна ба қатл расида буд, изҳори тасаллият кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба хонаводаи Умеда Эгамуродова, ки дар шаҳриТулаи Русия ваҳшиёна ба қатл расида буд, изҳори тасаллият кардааст.

Бино ба хабари ВКХ Ӯзбекистон, марди 34-солаи шаҳрванди Русия ба гумони қатл дастгир шуда ва нисбати ӯ бо моддаи 105, қисми яки Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мақомоти Ӯзбекистон гуфтанд, омодаанд, ҷасади Умеда Эгамуродоваро, ки дар вилояти Тулаи Русия кушта шуд, ба зодгоҳаш-вилояти Сурхондарё Ӯзбекистон биоранд.

Рӯзи 28 апрел Андрей К., як сокини 34-сола дар мағозаи «Пятерочка»-и вилояти Тулаи Русия хазинадори мағоза Умеда Эгамуродоваро 21 корд задааст.

Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дод, ки Умедаи 33-сола дар бемористон вафот кард. Вай се фарзанди ноболиғ дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *