Владимир Квачков: Вазифаи мо бартараф кардани неруҳои исломӣ буд!
Владимир Квачков, полковники мустаъфӣ ва собиқ командири Двизияи 201-уми Русия мегӯяд, ки дар солҳои 90-ум маҳз неруҳои тобеи ӯ гурӯҳҳои исломиро аз мақомҳои Тоҷикистон барканор ва “фронти халқӣ”-ро бунёд намуданд, ки дар натиҷа, заминаи ба сари қудрат омадани ҳукумати қонунӣ шуд…
Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон калонтарин фоҷиаи байнидавлатӣ дар ҳудуди шӯравии собиқ мебошад, ки то ба имрӯз омилҳои сар задани он бароямон норӯшан аст. Аммо дар мавриди нақши Русия дар ҷангу сулҳи тоҷикон мадорики зиёде ба нашр расидаанд. Ахиран даъвои полковники мустаъфӣ Владимир Квачков дар бораи аз ҷониби Русия таъсис додани “фронти халқӣ” низ сарусадои зиёде ба бор овард. Ин иддаоро Владимир Василевич зимни мусоҳиба дар барномаи Константин Сивков — «Вести РАРАН» (Российская академия ракетных и артиллерийских наук) қайд кард.
Воқеияти ворид шудани бригадаи 15-уми таъиноти махсус ба ҳудуди Тоҷикистон, таъсиси Фронти халқӣ ва раванди сулҳи тоҷиконро Владимир Квачков дар як суҳбати ихтисосӣ ба миён гузошт, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.
-Владимир Василевич, зимни ворид шудани неруҳои Русия таҳти роҳбарии шумо ба хоки Тоҷикистон вазъи ин кишвар чӣ гуна буд?
—Суҳбатамонро аз он шурӯъ мекунам, ки мо ба Тоҷикистон “ворид” нашудаем. Неруҳои двизияи 201-уми Русия дар Тоҷикистон мустақар буд ва бригадаи 15-уми таъиноти махсус ҳам дар Ӯзбекистон қарор дошт. Гап дар сари он ки баробари барҳам хӯрдани СССР бригадаи мазкур аз ҳайати неруҳои ҳарбии Росия бароварда шуд ва масъалаи чӣ кор кардани мо ба вуҷуд омад. Мо ду роҳ доштем ё пароканда ё ба ҳайати нерҳои ҳарбии Ӯзбекистон шомил мешудем. Зеро ба ҳудуди Русия даромадани бригадаи 15-уми таъиноти махсус манъ шуда буд.
-Яъне, Русияи Елтсинӣ низомиёни русро дар ҷаҳон пароканда карда буд?
-Бале. Мо дар чунин шароити душвор қарор доштем. Ба Русия рафтани мо мамнӯъ буд, барои ба ҷойи дигар кӯчидан ҳам душворӣ мекашидем, зеро зану фарзандон ва силоҳу аслиҳаи мо дар Ӯзбекистон буд. Бинобар ин, ба ҳайати неруҳои Ӯзбекистон шомил шудан роҳи ягонаи мо ба ҳисоб мерафт. Дар ин маврид гуфтушинидҳои зиёде сурат гирифт ва билохира мо бо ду шарт розӣ шудем, ки ба ҳайати неруҳои ҳарбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид шавем:
1. Мо дар савганди Артиши Шӯравӣ содиқ мемонем ва савганди нав намехӯрем;
2. Дар сохтори мо таҷдид сурат намегирад ва мо мисли пештара Бригадаи 15-уми таъиноти махсус боқӣ мемонем.
Он замон вазири дифои Ӯзбекистон Рустам Ахмедов буд, ки дар шомилшавии мо нақши зиёд гузошт. Ҳамин тавр, ман баъди як рӯзи гуфтушуниди ниҳоӣ тавофуқномаи худро дар назди Ислом Каримов таслим кардам. Баъди ин моро лозим омад фаъолияти худро аз нав шурӯъ кунем, кадрҳои нав омода намуда, фаъолияти худро мунтазам ба роҳ монем. Барои ин ҳатто аз қувваи занҳоямон истифода кардем. Дере нагузашта, ба мо иҷоза доданд, ки аз миёни ҷавонони ӯзбек ҳам аскар гирем…
-Кай ва чӣ тавр вориди Тоҷикистон шудед?
— Охири августи соли 1992 шабона ба ман телефон шуд. Гӯширо бардоштм. Дастур шуд, ки танҳо ба ҷойи муайяншуда оям. Ман омадам, ки дар штаб аллакай мушовири Президенти Ӯзбекистон оид ба амният Алимов, вазири дифои Ӯзбекистон Ахмедов, як намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва генерал-полковник Воробёв – намояндаи Русия маро интизор буданд. Баробари нишастан ба ман суол доданд: — “Шумо аз вазъи Тоҷикистон огоҳед?”
Ман ҳайрон шудам ва чӣ тавр посух доданамро надонистам. Зеро дар замони шӯравӣ Разветкаи советӣ ҳақ надошт, ки дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ омӯзиш гузаронад ва маълумот ҷамъоварӣ кунад. Самти фаъолияти мо омӯзиши як қисми Хитой, Эрон, Покистон ва Афғонистон буд. Аз тарафи дигар, Тоҷикистон давлати аллакай мустақил буд…
Бинобар ин, умумӣ карда ҷавоб додам, ки Тоҷикистонро неруҳои радикалии исломӣ тасарруф кардаанд, ки онҳоро “вовчик” ва мухолифонашонро “юрчик” меноманд.
Воқеан, ман баъдан, зимни будубош ва амалиётҳо дар Тоҷикистон ҳам нафаҳмидам, ки “вовчик” ва “юрчик” чӣ маъно дорад ва аз куҷо пайдо шудааст.
Баъди шунидани посух ба ман пешниҳод карданд, ки командирии Двизияи 201-уми Русияро дар Тоҷикистон ба дӯш гирам ва бригадаи 15-умро ҳам ба он ҳамроҳ карда, барои бартараф кардани неруҳои исломӣ амалиёт гузаронам.
Худи ҳамон лаҳза дар дили ман як навъ норизоӣ ба вуҷуд омад. Ман ба ҳуҷраи дигар гузаштам, то ки дар танҳои фикр карда ба хулоса оям. Ҳама фикр карданд, ки ман ба неруи худамон бовар надорам ва ҳаросидам.
Бинобар ин, баъди лаҳзае баргашта гуфтам:
-Шумо фикр накунед, ки ман ҳаросидам. Бо он неруе, ки двизияи 201-ум ва бригадаи мо дорад як не, чанд ҳукуматро дар як шаб аз байн бурдан имкон дорад. Мо ин корро мекунем. Шумо касеро хоҳед, ба сари қудрат меоред, “вовчик”-у “юрчик” аз хотири мардум меравад ва як образи бад боқӣ мемонад: — солдати рус! Мисле, ки дар Боку ва Афғонистон шуд…
Бо вуҷуди ин ман розигӣ додам.
Ба ман суол шуд:
-Барои амалиёӣ чӣ қадар муҳлат лозим аст?
-Се моҳ, — посух додам ман.
Генерал-полковник Воробёв ҳамон замон ба Гайдар занг зад…
Ва охири августи соли 1992 мо ба Тоҷикистон ворид шудем.
— Владимир Василевич, пас аз он ки моҳи августи соли 1992 бригадаи 15-уми таъиноти махсус бо роҳбарии шумо ба Тоҷикистон даромад, корро аз чӣ шурӯъ кардед?
-Масъалаи нахустине, ки пешорӯи мо қарор дошт, пайдо кардани доҳӣ буд. Ман муддати се рӯз бо сиёсатмадорони ботаҷрибаи Тоҷикистон, роҳбарони сатҳи баланд, ҳатто бо собиқ Раиси Шӯрои олии Тоҷикистон (эҳтимол Сафаралӣ Кенҷаевро дар назар дорад – ред.), бо котибони якуми обкоми Кӯлобу Қӯрғонтеппа ҳамсуҳбат шудам ва инсони ба талабот ҷавобгӯро пайдо карда натавонистам. Ҳамаи онҳое, ки пешниҳод мешуданду ҳамсуҳбат мешудам, коммунистони функсионере буданд, ки агар дастур диҳӣ, иҷро мекунанд, вагарна идея, фикри озод надоштанд. Вале барои мо нафаре лозим буд, ки мардумро аз думболаш барад, улгу бошад.
Дар рӯзи сеюми кофтукови бенатиҷа, бо ҳамяроқонам хӯроки шом мехӯрдам. Ва зимни суҳбат ишора карда гуфтам, ки ягон авторитет дар кишвар нест, ки ба талаботи мо ҷавобгӯ бошад. Ҳамин вақт командири полк Мирқулов гуфт, ки авторитет ҳаст, аммо ӯ ҷинояткор асту доғи судӣ дорад ва нав аз зиндон раҳо шудааст. Ва ду — се ҷумла дар бораи ӯ маълумот дод. Ман андеша кардам, ки барои мо фарқ надорад, ки ӯ ҷинояткор аст, муҳим, ки ӯ дар ҷомеа вазн дошта бошад. Бинобар ин, дастур додам, ки вайро пайдо кунанд. Баъди як соат ин шахс ҳозир шуд. Дар назари аввал ӯро дида ба хотирам Хеменгуэй (нависандаи амрикоӣ) омад.
Баробари даромадан «Хеменгуэй» «Ако, салом» гӯён вохӯрӣ кард ва рӯ ба рӯйи ман нишаст. Аз чеҳрааш маълум буд, ки ӯ шахси одӣ нест, балки инсони таҷрибадор ва барои ҳар ҳарфаш ҷавобмедодагӣ аст. Дар рафти суҳбат маълум шуд, ки ӯ барои авбошӣ зиндонӣ шуда, бо қонунҳои зиндон созиш намекунад ва дар дохил пархош карда, ҳатто одам мекушад. Ҳамин тавр, зиёда аз 20 соли умри ӯ дар пушти панҷара сипарӣ мешавад. Ин шахси аҷоиб Сангак Сафаров буд, ки ҳамчун Бобои Сангак ном бароварда буд.
—Бобои Сангак зуд барои ҳамкорӣ бо шумо розӣ шуд?
-Вай гуфт, ки ман ҷонибдори русҳо ҳастам ва то ба эътидол омадани вазъи кишвар ба шумо такя мекунам. Бобои Сангак вазъи ҷумҳурӣ, минталитети мардуми тоҷикро медонист, аммо зуд ба ман бовар накард. Бинобар ин аз ман пурсид:
-Шумо ба мо чӣ кумак карда метавонед?
-Чӣ кумак мехоҳед? — пурсидам ман.
-Як танкаи чархдор ва як пушка дорем, ки кор намекунад, онро таъмир кунед, — гуфт ӯ. Баъдан маълум шуд, ки танки чархдор БРДМ-2 ва пушка КПВТ будааст. КПВТ ҳамин хел қоида дорад, ки агар затвораш нодуруст гузошта шуда бошад, намепарронад, танк ҳам барои истифодаи нодуруст кор намекардааст.
Бачаҳои мо рафта, танку КПВТ-ро дар се соат ба кор дароварданд. Дар ин маврид шогирди содиқаш Файзалӣ Саидов хабар овард, Бобои Сангак дарк кард, ки ман ҳам шахси боваринок ҳастам ва суханонам ҳавоӣ нестанд. Илова бар ин, ман ба ӯ патронҳои нав ва граната додам, аммо силоҳ не…
-Дар Ӯзбекистон интихоби шуморо чӣ гуна қабул карданд?
-Вазири мудофиаи Ӯзбекистон Рустам Ахмедов нахуст розӣ нашуд. Исрори маро дида ҳатто гуфт: «Шумо худатон бандит, бинобар ин бандитҳоро мекобед»… вале, ман ӯро бовар кунонидам, ки Сангак интихоби дурусти мост. Ахмедов розӣ шуд ва бо телефон дурудароз бо Каримов ҳамсуҳбат шуд. Баъди гӯширо гузоштан ба ман амр дод: «Сангакро ба Тошканд даъват кунед».
Сангак омад ва худи Каримов бевосита ӯро қабул карда, ҳамсуҳбат шуд ва барои роҳбари «Фронти халқӣ» таъин шуданаш иҷозат дод. Баъди ин ба Хеменгуэй монанд будани Бобои Сангакро ба назар гирифта, дар ҳуҷҷатҳои КГБ номи мустаори ӯро «Хэмми» сабт кардем.
-«Фронити халқӣ» — ро шумо чӣ дастгириҳо мекардед?
-Ҳаматарафа. Вақте фронт ташкил шуд, нерӯи зарурӣ пайдо карда натавонистем. Бинобар ин, дар як маҳали сарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон лагери партизанҳо сохтем. Мо аскаронро омӯзонидем ва баъдан маҳз ҳаминҳо ҷавҳари «Фронти халқӣ»-ро ташкил доданд. Ҳамин тавр, муборизаҳои мо оғоз шуд ва моҳи ноябри соли 1992 мо неруҳои исломиро аз Душанбе дур кардем.
-Пас чаро Сангак Сафаровро президент таъин накардед?
-Худи Бобои Сангак вазифа намехост. Мегуфт барои ман кифоя аст, ки Бобои Сангак бошам. Он замон Эмомалӣ Раҳмон раиси совхоз дар Кӯлоб буд ва маҳз бо роҳнамоии Бобо ӯ ба кори сиёсӣ гузашт ва хушбахтона, ин қадар сол аст, ки Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад.
-Дар мавриди тақдири Сангак Сафаров хабар доред?
-Бале. Гап дар сари он ки ман бояд вазири дифои Тоҷикистон мешудам, вале маълум шуд, ки спетсназ чунин ҳуқуқро надоштааст. Бинобар ин, Шишляниковро вазир ва муовини ман – Чубараро ҷонишини ӯ таъин карданд.
Баъди гирифтани Душанбе неруҳои исломӣ ба чор тараф паҳну парешон шуданд. Мо дар ноҳияҳо бо онҳо мубориза мебурдем. Дар яке аз муқобилиятҳо дар Тавилдара бояд бригдаи 11-уми Қӯрғонтеппа, ки роҳбараш шогирди Сангак Файзалӣ Саидов буд сафарбар мешуд.
Аммо Файзалӣ бо кадом сабабе рад мекунад. Ва ин саркашӣ боиси хашми Бобо шуд. Ва ӯ бевосита ба Қӯрғонтеппа рафта, барои гапногириаш Фйзалиро мепарронад. Муҳофизони Файзалӣ бошад, Бобои Сангакро ба қатл мерасонанд.
Ҳамин тавр, салтанати Сангак Сафаров ба поён расид…
Таҳияи О. Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ