Владимир Путин ба Душанбе омад

Шоми имрӯз Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин вориди пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе гардид. Ӯ 28 сентябр дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарони давлатҳои аъзои ин созмони бонуфуз доир мегардад, иштирок хоҳад кард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ истиқбол намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 28 сентябри соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе доир мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *