Владимир Волфович дар Душанбе

Владимир Жириновский, муовини раиси Думаи давлатии Русия ва роҳбари Ҳизби либерал-демократии ин кишвар рӯзи 31-уми октябр бо сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шуд.

Ба иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, нимаи дувуми имрӯз Владимир Жириновский ва ҳайати ҳамроҳи ӯ аз Қалъаи Ҳисор, ангурзорҳои ноҳияи Шаҳринав ва Турсунзода дидан мекунад. Фардо, 1-уми ноябр мулоқоти муовини раиси Думаи давлатии Русия бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ва мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар назар аст. Баъд аз зуҳри 1-уми ноябр Владимир Жириновский ва ҳайати ҳамроҳаш Тоҷикистонро тарк мекунад.Баъзеҳо аллакай гуфтанд,ки боронҳои шадид шояд имкон надиҳанд,ки Владимир Волфович бо ҳамаи он зебоиҳои Тоҷикистон ошно гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *