Владимир Волфович Душанберо диданист
Владимир Жириновский, роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия охири моҳи октябр аз Тоҷикистон дидан менамояд. Тибқи иттилои расмӣ, Владимир Волфович дар ҳайати 20-нафараи вакилони Думаи давлатии Русия ба Душанбе меояд.
Ба иттилои расонаҳои давлатӣ, дар ин сафар Жириновский бо роҳбари парлумон, вазири корҳои хориҷӣ ва намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мулоқот намояд. Мулоқоти ӯ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия низ дар назар аст. Мақомоти тоҷик гуфтаанд, ки Жириновский ва ҳамроҳонашро ба тамошои Қалъаи Ҳисор, Осорхонаи ширкати алюминии Тоҷикистон «ТАЛКО» ва ангурзорҳои водии Ҳисор низ мебаранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ