ВМКБ чӣ тавр аз бунбасти комуникатсионӣ раҳо шуд?
Нақли роҳсози 95-сола Мирмуҳаммад Хушов
Ҳар гоҳе, ки сокинони ноҳияи Ванҷ ва сайёҳону меҳмонон суруди машҳури «Лаб — лаби дарё ба боло меравем, Ванҷи Болоро тамошо меравем»-ро замзама намуда ба ҷониби водии пурфайзу баракати Ванҷи Боло сафар менамоянд, пирамардеро мебинанд, ки дар канори роҳи мошингард нишаста, бо роҳгузарон суҳбат дорад. Ӯ Мирмуҳаммад Хушови 95-сола аст ва дар маҳаллаи Пуни Чегунии Ҷамоати деҳоти ба номи Муҳаммадулло Абдуллоев зиндагӣ мекунад.
Амаки Мирмуҳаммад ҳар субҳ бо эҳтиёт қадамзанон ба маркази ноҳия меояд ва дар як макони дилхоҳ нишаста, бо ҳамсолону дӯстон ва шиносу ношинос суҳбат меорояд. Марди хеле хушчақчак ва зарофатгӯй аст. Алалхусус, ҷавонон нақлҳои шавқоварашро дар хусуси гузашта ва имрӯзи соҳаи роҳдорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бодиққат гӯш мекунанд, ки басе ҳам ибратомӯзанд.
Борҳо муяссарамон шудааст, ки бо амаки Мирмуҳаммад ҳамсуҳбат шавем.
— Як сол пеш аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ, — нақл кард Мирмуҳаммад Хушов, — хуб дар ёд дорам, ки марду занҳои зиёде, аз ҷумла, қиблагоҳам Хушмуҳаммад ва даҳҳо нафар ҳамсолонаш дар бунёди Роҳи калони Помир, дар қитъаҳои душвортарини он, оврингҳои Каведа, Чапарако,Таёқпарто, Тӯғак ва Хехак то сарҳади ноҳияи Рӯшон заҳмат мекашиданд. Ба роҳсозон наврасон низ ёрӣ мерасонданд, кори сохтмон аз дасташон наояд ҳам, ба онҳо ҳамарӯза тӯша мебурданд.
Дар хотирам мондааст, ки санъаткорони мумтози он давра Акашариф Ҷӯраев, Чол Сулама, Иброҳим Кобулиев, Пир Садиров, Абдураҳимбек Ёров, Сайдалӣ Алиев, Шамсиддин Маршоев ва дигарон ба бунёдгарони роҳи бузург суруду таронаҳои дилошӯб пешкаш мекарданд. Аз ҳамон давраи бачагӣ кору пайкори роҳсозон, ҳисси баланди ватандории онҳоро дида, дар дилам шавқу завқи роҳсоз шудан пайдо гашт. Баъди бунёди қисми роҳи мавзеи Лаби Ҷар – Қалъаихумб – Ванҷ – Рӯшон — Хоруғ ва омадани нахустин мошинҳои овозадори «Зис-5», ки ҳоло намунаи он дар гардишгоҳи роҳи ҷониби ширкати «Помир энерҷӣ» — и шаҳри Хоруғ гузошта шудааст ва бо ҳидояти аввалин роҳсозон, аз қабили Аваз Амирбеков, Сайдалӣ Муродов, Баҳриддин Насриддинов, Санкан Авазов, ки онҳоро мешинохтам, дар дилам қатъӣ қарор додам, ки, албатта, корманди соҳаи роҳсозӣ мешавам.
Баъди хатми мактаби ҳафтсола курси кӯтоҳмуддати механизаториро дар шаҳри Сталинобод хатм намудам. Дар муассисаи таъмир ва нигаҳдории роҳҳои маҳаллии ноҳияи Ванҷ трактори ДТ-54-ро идора мекардам. Он давра автогрейдерҳо вуҷуд надоштанд. Бо грейдерҳо, мошинолотҳои чархҳояшон оҳанини ба трактор васлкардашуда, роҳҳои ҳудуди ноҳияҳои Қалъаихумб – Ванҷ — Рӯшонро тахту ҳамвор мекардем. Зиёда аз 25 сол тракторчӣ будам. Сипас, муассисаи роҳдории маҳаллии ноҳияи Ванҷ ба минтақаи таъмир ва нигаҳдории роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ табдил дода шуд. Корхонаи мо ҳам соҳиби булдозерҳои С-100 ва ДТ-75 гардид. Таи ду сол бо ин техникаи тавоно дар роҳҳои Вотхуд, Язгулом ва Ванҷи Боло кор кардам.
Солҳои ҳафтодуми асри гузашта мутахассисон ва механизаторони нави роҳсоз ба идораамон омаданд. Ба ҷавонон кор ёд додам ва минбаъд касби усто, бригадир ва таъмирчии роҳро ихтиёр карда, зиёда аз 50 сол ба касби пуршарафи роҳсозӣ кор гирифтам. Дар бунёди роҳҳои нави мошингард ба ҷониби деҳаҳои баландкӯҳи Пои Мазору Ванван, Пшихарву Жамаги деҳоти Рованд, Вотхуд ва Язгулом, инчунин, сохтмони даҳ пули мошингард аз болои рӯдхонаҳои Курговадоб, Ванҷоб, Язгуломоб, Бартанг ва дарёчаҳои кӯҳӣ иштирок кардаам. Дар ин давра таҷрибаи худро ба ҷавонон ёд додам, фарзандони солеҳро ба воя расондам.
Хулоса, аз умрам ифтихор дорам. Ҳоло дар дами пирӣ, вақте ки қатори мошинҳои боркашу сабукрав аз масири шоҳроҳи байналхалқии автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб — Қулма шабу рӯз даргузаранд, дилам лабрези шодӣ мегардад. Дар ҳаққи Пешвои муаззами миллат, ки халқи Бадахшонро аз бероҳии тӯлонӣ, чашминтизории кай кушода шудани роҳи ағбаи Хобу Рубот наҷот доданд, дуои хайр мекунам, ки умрашон дароз ва ҳамаи хушиҳои зиндагонӣ насибашон бошад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Сироншоҳи ДИЛОВАР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ