Вохӯрӣ бо деҳқонон ва соҳибкорони хурду миёна дар Лахш
Аз тарафи намояндагони Дафтари Барномаҳои рушди Созмони Милали Муттаҳид дар ноҳияи Рашт дар толори МИҲД-и ноҳияи Лахш оид ба муаррифии лоиҳаҳои грантӣ бо иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорони хурду миёна ва намояндагони МИҲД вохӯрӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилои дастрас, намояндагони Дафтари БР СММ дар ноҳияи Рашт ба иштирокчиёни вохӯрӣ дар мавриди тарзи дурусту бехато навиштани лоиҳа, чи тавр устувор будани лоиҳаҳо ва пешбарии онҳо маслиҳатҳои муфид дода, инчунин ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас гардонидаанд.
Ҳамзамон, кормандони Фонди қарзии хурди «Боршуд» дар ноҳияи Лахш чун шарик дар лоиҳаи Барномаҳои рушди СММ — «Таҳкими иқтидори ҷомеаҳо дар вилояти Хатлон ва водии Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Русия маблағгузорӣ шудаасту амалӣ мегардад, дар вохӯрӣ иштирок намуда, оид ба ин лоиҳа муфассал маълумот додаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ