Вохӯрии Ҷӯразода бо сафири Шоҳигарии Белгия дар Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷӯразода Ҷамшед бо сафири Шоҳигарии Белгия дар Тоҷикистон Анри Вантингем баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар, зимни суханронӣ муовини якуми вазир иброз намудааст, ки вохӯрии мазкур дар рушди ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия заминаи мусоид хоҳад гузошт ва қадами муҳиме дар роҳи табодули таҷрибаву дониши тарафҳо хоҳад буд.
— Сипас, сафири Шоҳигарии Белгия дар Тоҷикистон омодагии ҷониби Белгияро ҷиҳати дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо иброз намуда, оид ба рушди ҳамкории тарафҳо дар самти таҳсилоти олии касбӣ ва табодули таҷрибаву дониши донишҷӯёну устодон андешаронӣ намуд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ