Вохӯрии Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ
Мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад доир гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла дар бахши татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва ташаббуси “Нури рӯшноӣ” баррасӣ шудаанд. Масъалаи раванди таҳияи Чаҳорчӯби нави ҳамкории СММ оид ба рушди устувор дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026 низ мавриди муҳокима қарор гирифтааст.
— Ҳамчунин, ҷонибҳо атрофи татбиқи ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар доираи он, аз ҷумла Конфронси Душанбе-2022 табодули назар намуданд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ