Вохӯрии дӯстонаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи АМА
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев моҳи июн дар Душанбе ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзҳои 2-юм ва 4-уми июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе миёни дастаҳои ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб бозиҳои дӯстона баргузор мегарданд. Ин вохӯриҳо соати 20:00 оғоз мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гуруҳи «I» баромад мекунад. Дастаҳои Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур ҳарифони ҷавонони мо мебошанд. Даври интихобӣ аз 14 то 18-уми сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.
Ғолибони даҳ гуруҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ