Вохӯрии ду академик дар Тошканд

 29 феврали соли равон  сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон академик Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ректори филиали тошкандии Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи  Плеханов академик Қаландар Абдураҳмонов дидору мулоқот намуд.

Дар рафти суҳбат масъалаи густариши ҳамкории байни  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиали Донишгоҳи иқтисодии Руссия ба номи Г. В. Плеханов мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҷараёни ин мулоқот изҳор кард, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ  ва иттилооти технологӣ ҳамеша барои ду кишвари ҳамҷавор муфид мебошад. Вай инчунин ишора намуд, ки дар Тоҷикистон чанд филиали донишгоҳҳои Русия фаъолият мекунанд ва дар ин донишгоҳҳо ҷавонони зиёди тоҷик ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

 -Аз ҷумла, дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон зиёда аз 300 нафар донишҷў таҳсил мекунанд. Ин донишгоҳ яке аз марказҳои муҳимми илмии Тоҷикистон ва Русия ба ҳисоб меравад. 63 дарсади устодони он соҳиби дараҷаҳои илмии доктор ва номзади илм мебошанд,-гуфт сафир А.Раҳмонзода.

 Вай афзуд, ки дар давоми чанд соли охир дар Тоҷикистон дар баробари ин донишгоҳ бахшҳои донишгоҳҳои дигар — Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов, „МИСиС“ ва Донишкадаи энергетикии Маскав ба фаъолият оғоз кардаанд.

 Ректори филиали Донишгоҳи иқтисодии Русия дар Тошканд гуфт, ки дар филиали онҳо Шӯрои илмӣ фаъолият мекунад. Вай ибрози умедворӣ кард, ки густариши робитаҳои илмии миёни олимони ду кишвар барои ҳарду тараф ҳаргиз аз манфиатнок холӣ нахоҳад буд.

 -Мо омода ҳастем, ки дар масъалаи табодули таҳсили донишҷӯён ҳамкорӣ кунем,-гуфт Қаландар Абдураҳмонов. 

Мирасрор Аҳроров,

шаҳри Тошканд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *