Вохӯрии Фирдавс Толибзода бо ҳайати сармоягузорони ИМА ва Британияи Кабир

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс бо ҳайати баландпояи идоракунандаи фондҳо ва таҳлилгарони сармоягузории ИМА ва Британия Кабир бо роҳбарии Президенти ширкати амрикоии “Trans – National Research” Марк Зивет мулоқот анҷом дод. Мулоқоти ҷонибҳо 16 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир шуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамсуҳбатони худро бо вазъи кунунии низоми бонкии кишвар, сиёсати монетарӣ, нигоҳдории сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда, омори низоми бонкӣ ва имконоти мавҷуда барои ҷалби сармоягузорӣ ва қонунгузории низоми бонкӣ шинос намуда, изҳор дошт, ки новобаста аз фазои мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешравиҳои назаррас дар ҳама соҳаҳо ба мушоҳида расида, рушди босуботи иқтисодиву молиявӣ таъмин гардида истодааст.

Бино ба итттилои шуъбаи матбуоти БМТ, Дар идома намояндагони ширкатҳои амрикоӣ ва британиягӣ омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон иброз намуданд.

Қайд гардид, ки ҳадаф аз сафари ҳайати мазкур гузаронидани таҳлили макроиқтисодӣ ва арзёбии ҳамаҷониба, афзалиятҳои рушди иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ мебошад.

Дар охир, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад изҳори умед намуд, ки вохӯрии имрӯза барои тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ ва тиҷорат, густариши робитаҳои иқтисодии ду кишвар ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории бахшҳои мухталифи иқтисодии кишварҳо заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *