Вохӯрии Имомӣ бо Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон
Имрӯз, 6 январ Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов вохӯрӣ анҷом дод.
Содиқ Имомӣ ба Валихан Туреханов паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар супорид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон бар асоси усулҳои пойдори эҳтиром, эътимод ва дастгирии ҳамдигарӣ минбаъд низ бо суръати афзоянда рушд намуда, бо иқдомҳои нави созанда ғанӣ хоҳанд гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ