Вохӯрии Раҳим Саидзода бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ

Дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ Озан Севимли ва Тигран Шмис, ҳамчунин дигар коршиносони ин ташкилот баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ Раҳим Саидзода меҳмононро хушомадед гуфта, рушди ҳамкориҳо миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳониро натиҷаи заҳматҳои дуҷониба ва боис ба беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он донистааст.

Дар навбати худ Озан Севимли қайд намудааст, ки “ин вохӯрӣ низ натиҷаи ҳамкориҳои густурдаи ҳар ду ҷониб буда, мо умедворем, ки ҳамкориҳо минбаъд низ вусъат пайдо мекунанд”.

— Дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, рушди таълиму тарбия, муосиркунонии муассисаҳои таълимӣ, фароҳам овардани имкониятҳо барои арзёбии дастовардҳои хонандагон, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводҳои методӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *