Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал дар вилояти Свердловск

Дар вилояти Свердловск мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, Силин Яков, баргузор гардид. Дар ин бора  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо дар мавриди омода кардани мутахассисон ва табодули афкор суҳбат намуданд. Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба таълими донишҷӯёни тоҷик дар ин донишгоҳ, аз ҷумла вазъи таҳсил ва шароити зиндагии онҳо, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Баъд аз мулоқот бо ректор, сафир бо донишҷӯён, ҷавонон, роҳбарони ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон ва диаспораи Свердловск вохӯрӣ анҷом дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *