Вохӯрии Саидмукаррам Абдулқодирзода бо имомхатибон дар Конибодом (аудио)

Муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар шаҳри Конибодом бо фаъолон вохӯрда, масоили хурофотпарастӣ ва шомил шудан ба гуруҳҳои иртиҷоиро баррасӣ намудааст.

Бино бар иттилои расида, ин вохӯрӣ 19-уми апрели соли равон дар толори МИҲД-и шаҳри Конибодом сурат гирифтааст.

— Яке аз зуҳуроти номатлубе, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин амалҳои террористию экстремистӣ ба шумор мераванд. Воқеан, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад. Террорист миллат, Ватан ва дину мазҳаб надошта, мубориза бар зидди ин зуҳурот муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Бинобар ин, ҳар яки моро имрӯз лозим аст, ки ба муқобили чунин афрод, гуруҳ сарҷамъона мубориза бурда, барои нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем,- гуфтааст зимни баромад раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода.

Гуфта мешавад, ки дар ин вохӯрӣ фаъолони шаҳр, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ҷамоатҳою деҳот, имомхатибон, собиқадорону ҷавонони шаҳри Конибодом ҳузур доштаанд.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *