Вохӯрии Шералӣ Кабир бо ноиби президенти Туркия

Санаи 15-уми декабри соли 2021 вохӯрии вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Шералӣ Кабир бо ноиби президенти Ҷумҳурии Туркия ҷаноби Фуат Октай дар шаҳри Анқара баргузор гардид.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия дар саҳифаи фейсбукии худ дар ин бора иттилоъ дода, навишт, ки зимни вохурӣ вазъи кунунӣ ва имконияти рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла дар доираи Комиссия байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ҷонибҳо ба зарурати танзими мулоқоту музокирот ва тамосҳои сатҳи олӣ дар ояндаи наздик таъкид намуда, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ иқдоми ташкили Бизнес-Форуми Тоҷикистону Туркия дар шаҳри Конияро қобили дастгирӣ шуморидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *