Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Президенти Туркманистон
Дирӯз, 27 март Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки дар шаҳри Ашқобод дар вохӯрии 20-уми вазирони «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» иштирок дошт, мулоқот намуд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
“Сироҷиддин Муҳриддин паёми самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Туркманистон расонид”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Зимни мулоқот ҳамсуҳбатон доираи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистонро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, саноат ва энергетика баррасӣ карда, аз сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар зимн омодагӣ барои идомаи ҳамкории мутақобили судманд дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ тасдиқ карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ