Вохӯрии Ятимов ва дигарон бо сокинони Ворух
Чанд лаҳза пеш, тавре хабарнигори pressa.tj. аз Ворух иттилоъ дод, дар ин ҷо вохурии раиси КДАМ Саймумин Ятимов, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо сокинон баргузор гардид. Дар вохурӣ Ятимов оид ба шартҳои оташбас сухан гуфта истода, аҳолиро ба оромӣ ва риояи низому интизом даъват намуд. Ҳамчунин, раиси КДАМ дахлнопазир будани марзу буми кишварро таъкид намуда истода гуфт,ки шаҳрвандон метавонанд такя ба неруҳои низомии Ватан кунанд ва меҳнати осоиштаи худро идома диҳанд ва ба ҳеҷ гуна и ғвогариҳо дода нашаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ