Вохӯрии Сафир бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон
18 октябри соли 2017 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон Рамил Усубов мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, инчунин рушди робитаҳои минбаъдаи сохторҳои марбутаи ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ