Вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япон бо Муовини губернатори музофоти Ибаракии Япония

 

     20 июли соли 2016 Сафири Тоҷикистон ҳайати музофоти Ибаракии Япония таҳти роҳбарии Муовини губернатори музофот хонум Ячио Ямагучӣ ва ҳузури устодони Донишгоҳи Тсукуба профессор Ҳисашӣ Санада — ҳамзамон мушовири Директори иҷроияи Кумитаи баргузории Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии “Токио-2020” ва профессор Зубайдулло Убайдуллоевро ба ҳузур пазируфт.

      Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Ибаракӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳ, аз ҷумла илму маориф, варзиш, сайёҳӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ташкили содироти меваю сабзавоти тару тозаи Тоҷикистон ба Япония, инчунин татбиқи тарҳҳо ва баргузории чорабиниҳои муштарак дар ин раванд ба тафсил баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо дар бораи рушди робита ва равобити мардумӣ миёни минтақаҳои алоҳидаи ду кишвар низ гуфтушунид намуданд. Вобаста ба ин, Сафири Тоҷикистон бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда пешниҳод намуд, ки миёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Ибаракии Япония ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ ба роҳ монда шавад.

Имкониятҳои фаровони соҳаҳои саноати маъданҳои куҳӣ, гидроэнергетикӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратию иқтисодии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумули беш аз 3 миллион аҳолӣ ва имкониятҳои музофоти Ибаракӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, кишоварзӣ, илму маориф, сайёҳӣ, варзиш, фарҳанг, сармоягузорӣ ва 3 миллион аҳолӣ метавонад рушди робитаҳои дуҷониба ва равобити мардумиро дар заминаи ҳамкории бародаршаҳрӣ мустаҳкам ва устувор намояд.

Дар баробари ин, Сафири Тоҷикистон меҳмононро аз имкониятҳои сайёҳӣ ва фарҳанги ғанию қадимаи мардуми тоҷик батафсил шинос намуда, даъват ба амал овард, то дар ин самт чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ ва тарҳҳои муносиб амалӣ гарданд.

Дар робита ба мавзӯъ Муовини губернатори музофоти Ибаракӣ иброз намуд, ки Ҳукумати музофот ба мақсади таҳкими муносибатҳои дуҷониба, баргузории чорабиниҳои муштарак, ҳамкории бародаршаҳрӣ миёни вилоятҳо ва истифодаи имкониятҳои васеи рушди ҳамкориҳо омодааст барои таҳия ва бастани санади ҳамкории дарозмуддат гуфтушунидҳо анҷом диҳад.

Дар партави бозиҳои дарпешистодаи олимпӣ ва параолимпии соли 2020 дар ш. Токио ҷонибҳо оид ба масоили марбут ба варзиш ва саҳми муштарак ба рушди ҳамкорӣ дар ин соҳа табодули афкор намуданд.

Дар ин росто хонум Я. Ямагучӣ бо дарназардошти имкониятҳои музофоти Ибаракӣ ва масофаи наздик бо ш. Токио иброз намуд, ки ин музофот ҳамчун деҳаи олимпӣ барои қабул намудани ҳайати варзишгарони Тоҷикистон зимни бозиҳои олимпӣ ва параолимпии соли 2020 дар ш. Токио мусоид хоҳад буд. Муовини губернатор даъват намуд, то Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби ин музофот ба мақсади пазироии ҳайати хеш бо он ҷониб ҳамкорӣ намояд.

Дар ростои ин мавзӯъ ҷонибҳо ҳамчунин оид ба натиҷаи вохӯриҳои Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ва Директори генералии ин кумита Муҳаммадшо Абдуллоев бо роҳбарияти Факултаи тандурустӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва илмҳои варзиши Донишгоҳи Тсукубаи Япония, роҳбарияти Кумитаи баргузории Бозиҳои олимпӣ ва параолимпии “Токио – 2020” ва намояндагони Раёсати байналмилалии Кумитаи олимпии Япония, ки рӯзҳои 28-30 апрели соли 2016 баргузор гардида буданд, гуфтушунид намуданд.

Ба нақша гирифта шудааст, ки миёни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Япония Созишномаи ҳамкорӣ ба мақсади пешбурди манфиатҳои муштарак дар ин самт, ба имзо расад.

Дар баробари ин, мушовири Директори иҷроияи Кумитаи баргузории Бозиҳои олимпӣ ва параолимпии “Токио-2020” профессор Ҳ.Санада тасмим гирифтааст, то ҳамроҳ бо ҳайати варзишгарони японӣ барои иштирок дар Мусобиқаи гӯштии дзюдо, ки дар назар аст аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 5 октябри соли 2016 дар ш. Душанбе баргузор гардад, ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом диҳанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо бо қаноатмандӣ ҳолати кунунӣ ва раванди рушди робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тсукубаро изҳор намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманд баён намудаанд. Донишгоҳи Тсукуба миёни шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз машҳуртарин муассисаи илмии Япония шинохта шудааст.

Дар охири вохӯрӣ Муовини губернатор аз Сафири Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки ба музофоти Ибаракӣ ташриф орад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *