Вохурӣ бо маҳбусон иҷозат шуд
Дидорбинии зиндониён бо хешовандон дар охири моҳи марти имсол ва бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 манъ шуда буд.
Пас аз ҳашт моҳ дар Тоҷикистон ба сокинон иҷозат дода шуд, ки бо пайвандони зиндонияшон мулоқот кунанд. Аммо дидор бо маҳбусон танҳо баъд аз супоридани тест ё ташхиси коронавирус имконпазир аст.
Дидорбинии зиндониён бо хешовандон дар охири моҳи марти имсол ва бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 манъ шуда буд.
Илҳом Маҳмудов, муовини раиси идораи зиндонҳо тасдиқ кардааст, ки барои вохӯриҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат бо маҳбусон иҷозат доданд. Вохӯрии кӯтоҳмуддат дидори чандсоатӣ ва мулоқоти дарозмуддат чанд рӯз истодани ҳамсару кӯдакони маҳбусонро дар назди онҳо пешбинӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ