Вохурӣ бо Матвиенко баргузор шуд, дар пеш мулоқот бо Собянин ва Володин

Рустами Эмомалӣ,  раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо нахустин сафари кории худ озими Русия шуд, бо Валентина Матвиенко вохӯрд

Дар Маскав мулоқоти рӯ ба рӯи Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко баргузор шуд. Ин мулоқот дар доираи сафари расмии ҳайати Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия бо даъвати раиси Федератсия баргузор гардид.

Матвиено, Рустами Эмомалиро ба пойтахти Русия шаҳри Маскав хушомадед гуфта, изҳор дошт, ки «Маскав барои ӯ шаҳри бегона нест, чун ин ҷо таҳсил карда, маълумоти олӣ гирифта буд».

Гузашта аз ин, раиси Шӯрои Федератсияи Русия аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки Рустами Эмомалӣ барои нахустин сафари кории худ маҳз Русияро интихоб намуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар замони пандемия ташриф овардан ба кишвари дигар боиси таҳсину офарин аст.

«Ҳоло, аксар мулоқоту вохӯриҳо дар шароити видеоӣ мегузаранд, вале мулоқоти мо на фосилавӣ, балки бевосита рӯбарӯ баргузор мегардад, ки ин барои ман бисёр хуш аст», — тавзеҳ додааст Матвиенко.

Зимнан, Матвиенко афзуд, ки Рустами Эмомалиро мулоқот бо шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин ва чанд мақомдори дигари Русия интизор аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *