Вохӯрии сафир бо кормандони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо

8-уми июни соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии сафири Шоҳигарии Арабистони Саудї дар Љумҳурии Тољикистон Абдулазиз Муҳаммад Ал-Бодӣ бо кормандони он сурат гирифт.

Тавре аз Институт хабар доданд, дар вохӯри сараввал сафири Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад Ал-Бодӣ бо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманд анљом дода, баъдан бо кормандони Институти мазкур сӯҳбат намуд.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки Институт омодааст, ки бо олимону пажӯҳишгарони Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ намояд ва барои омӯзиши масъалаҳои гуногун ҳамкорӣ намояд.

Дар навбати худ сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон аз мулоқоти судманд изҳорӣ миннатдорӣ намуда, омодагии љониби Арабистони Саудиро дар масъалаи илм ва пажӯҳиш иброз намуд.

Мулоқот дар фазои судманд сурат гирифта, дар охир байни сафир ва кормандони Институт суолу ҷавоб оид ба вазъи сиёсии Осиё ва муносибатҳои Институт бо доираҳои илмии Арабистони Саудӣ сурат гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *